Маҳастии Хуҷандӣ — Тоҷикистон

Гуфтӣ, ки бад-ин рухони зебо, ки марост,

Чун хулд висоқи ту бихоҳам орост.

Имрӯз дар ин замона он заҳра, кирост?

То гӯяд, к-он хилоф гуфтӣ ё рост.

***

Бозори дилам бо сари савдот хушаст,

Шатранҷи ғамам бо рухи зебот хушаст.

Доим дорӣ маро ту дар хонаи мот,

Эй ҷону ҷаҳон, магар ки бо мот хушаст.

***

Дар майкада пеши бут таҳиёт хуш аст,

Бо соғари якманӣ муноҷот хуш аст.

Тасбеҳу мусаллои риёӣ хуш нест,

Зуннори муғона дар харобот хуш аст.

***

Саҳҳофписар, ки шуҳраи офоқ аст,

Чун абрӯи хештан ба олам тоқ аст.

Бо сӯзани миҷгон бикунад шероза,

Ҳар сина, ки аз дили ғамаш авроқ аст.

***

Айём чу оташкада аз синаи мост,

Олам куҳан аз вуҷуди деринаи мост.

Инак ба масал чу кӯзае об хӯрем,

Аз хоки бародарони пешинаи мост.

***

Афсӯс, ки атрофи гулат хор гирифт,

Зоғ омаду лоларо ба минқор гирифт.

Симоби занахдони ту овард медод,

Шингарфи лаби лаъли ту зангор гирифт.

***

Гуфтам, ки лабам ба бӯсае меҳмон аст,

Гуфто, ки баҳои бӯсаи ман ҷон аст.

Ақл омаду дар паҳлӯи ман зад ангушт,

Яъне, ки хамӯш, байъ, ки арзон аст.

***

Дарёи сиришк дидаи пурнами мост,

В-он бор, ки кӯҳ барнатобад, ғами мост.

Дар ҳасрати ҳамдаме бишуд умри азиз,

Мо дар ғами ҳамдамему ғам ҳамдами мост.

***

Он бут, ки рухаш рашки гулу ёсуман аст,

В-аз ғамзаи шӯх фитнаи марду зан аст.

Дидам ба раҳаш зи лутф чун оби равон

Он оби равон ҳанӯз дар чашми ман аст.

***

Бо хасми манат ҳамеша дамсозиҳост,

Бо мо суханат зи рӯйи таннозиҳост.

Аз иззи худу зиллати ман беш маноз,

К-андар паси пардаи фалак бозиҳост.

***

Гесу ба сари зулфи ту дар хоҳам баст,

То бинишинӣ чу душ нагрезӣ маст.

Пеш аз мастӣ ҳар он чӣ андар дил ҳаст,

Мегӯям то боз нагӯйӣ шуд маст.

***

Он кӯдаки наълбанди дос андар даст,

Чун наъл бар асб баст аз пой нишаст.

З-ин нодиртар, ки дид дар олам баст,

Бадре ба суми асби ҳилоле барбаст.

مهستی خجندی — تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *