Амонуллохон аз Исфара дастгир шуд
Амонуллохон Носирӣ, маҳбусе, ки ҳафтаи гузашта аз зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд фирор карда буд, дар ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара боздошт шудааст.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфтааст, ки «ин амалиёт шоми шанбе сурат гирифт.»Вай афзуд, «Амонуллохон Носирӣ дар доираи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир гардид ва ҳоло сабабу роҳҳои чигуна аз зиндон фирор карданаш таҳқиқ мешавад.»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ