“Маҳбусон аз нон заҳролуд шуданд”
Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотии тафтишот 14 маҳбус эҳтимол аз истеъмоли нони мошинӣ ё хлеб заҳролуд ва баъдан фавт кардаанд.
Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотии тафтишот 14 маҳбус эҳтимол аз истеъмоли нони мошинӣ ё хлеб заҳролуд ва баъдан фавт кардаанд.
Юсуф Раҳмон хабарҳо дар мавриди латукӯб шудани 14 маҳбус ҳангоми интиқол аз Хуҷанд ба Душанберо радд кард.
Қаблан дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” акси маҳбуси фавтида чоп шуда буд, ки дар баданаш осори лату кӯб ба назар мерасид.
Прокурори генералии Тоҷикистон дар робита ба ду маҳбусе, ки ҳангоми интиқол заҳролуд шуда ва зинда монданд, гуфт, ки ҳоло вазъи саломатии онҳо хуб аст ва аз ташхисҳо гузаштаанд.
Рӯзи 7 июли соли ҷорӣ ҳангоми интиқоли 128 маҳбус аз маҳбасҳои шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ба зиндонҳои Душанбе, Ёвон ва Норак дар автомашинаи махсус 14 нафар бар асари истеъмоли нон заҳролуд шуда ва ҳалок гаштанд.
Дар изҳороти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷузъиёти ин ҳодиса чунин ташреҳ шуда буд: “Тибқи меъёрҳои муқарраргардида дар роҳ 6 маротиба барои ҳоҷат таваққуф карда ва дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат бо 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи таҳти рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузўрӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуқўъ пайвастааст. Соати 18:20, вақте ки вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардиданд, ҳолати истеъмолкардагони нони маҳбус бад шуд. Дар 16-тои онҳо ҳолати аз ҳушравӣ мушоҳида гардид. Соати 18:25 бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барои кўмаки аввалия вориди МТМН СРИҶҶ ВА ҶТ гардиданд”.
Дар натиҷаи дидани чораҳои таъҷилӣ бо истифодаи кулли имконот, ба табибон муяссар гардид, ки танҳо ҳаёти 2 нафар аз маҳбусон наҷот дода шавад.
Оиди ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки ба талаф ёфтани 14 нафар маҳбус оварда расонид, аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба он гурўҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд.
Ҳодисаи мазкур ду моҳ баъди ошӯби пурқурбонии зиндони Ваҳдат ва ҳашт моҳ баъди ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд рух дод, ки дар ин ду ҳодиса беш аз 50 нафар ҷон доданд ва мақомот масъулияти ин ҳодисаҳоро ба дӯши маҳкумшудаҳо барои ифротгароӣ вогузор карданд. Ҳанӯз ба ин ду ҳодиса низ баҳои ниҳоии ҳуқуқии додгоҳӣ дода нашудааст ва ҳамчунин гурӯҳ ё созмонҳои мустақил имкони таҳқиқи бетараф ва мустақили ин ҳодисаҳоро надоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ