Маҳфил бо марги 9 нафар анҷомид

Мақомоти Русия аз боздошти марде хабар доданд, ки дар ҳолати мастӣ 9 нафарро ба қатл расонидааст. Ба гуфтаи муфаттишон, шахси муттаҳам рӯзи 4 июн дар як маҳфил дар вилояти Твер тирандозӣ карда ва панҷ мард ва чаҳор занро куштааст. Ба гуфтаи Кумитаи таҳқиқотии Русия, дар пайи моҷаро дар ин маҳфил, марди муттаҳам берун рафта ва бо туфанги шикорӣ баргашт ва ба сӯи ҳозирин тирандозӣ кард. Тибқи хабарҳо, марди муттаҳам дар куштор 43-сола буда ва ҳоло дар боздошт ба сар мебарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *