Маҳфили «Лоиқхонӣ»   баргузор  гардид

Бо ташаббуси факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  маҳфили «Лоиқхонӣ»   баргузор  гардид.

Декани факултети филология  тоҷики ДДМТ  Сироҷиддини Эмомалӣ  зикр кард, ки  соли сеюм аст дар маҳфили «Лоиқхонӣ» адибон, устодон, донишҷӯён ширкат намуда,  дар бораи истеъдод ва  шеъри дилнишин Лоиқ Шералӣ  ва мавқеи ӯ дар назми тоҷик  ибрози назар менамоянд.

Дар маҳфили мазкур ҳамчунин   узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, профессор Аламхон Кӯчаров дар мавзӯи  «Ваҳдатасарои миллат»  ибрози андеша намуда, ашъори  Лоиқро  дар ситоиши ваҳдати миллӣ   шарҳ дод. Номбурда, аз ҷумла,  зикр кард, ки дар ҳақиқат ашъори устод Лоиқ Шералӣ  дар худшиносии миллат ва дар  рӯҳияи  ватандӯстӣ тарбия намудани  насли наврас  нақши  беназир  дорад.  Сипас А. Кӯчаров  барои намуна  чанд мисраеро   шеъри  машҳури устоди зиндаёд  барои иштирокдорони маҳфил қироат кард:

Туӣ буду набудам, миллати ман,

Туӣ самти суҷудам, миллати ман.

Суруди умри ман поён пазирад,

Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.

Дар маҳфил ҳамчунин  адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мудири шуъбаи адабиёти классики Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода роҷеъ ба  як паҳлӯи  хеле нодири эҷодиёти  Лоиқ Шералӣ, яъне «шеъри ҳолат» сухан ронда,  онро ба ҳозирин шарҳ дод.  Номбурда  бо далелҳо иброз дошт,  ки дар таълифи «шеъри ҳолат» Лоиқ яке аз шоирони беҳамто буд.

Сипас,  донишҷӯён  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шеърҳои Лоиқ Шералиро  дар мавзӯҳои гуногун,  аз ҷумла,    шеърҳои «Суруди сулҳ», «Во ҷавонӣ!», «Зарафшон меравад сӯи Бухоро», «Фарзанди кӯҳсор», «Ватан», «Кӯҳистон», «Мӯйсафедон», «Ту бошию ману ин кӯҳсорон», «Суруди меҳнат», «Душанбе», «Айнӣ», «Оли Сомон», «Шукр гӯям,  зиндагиро бо ҳама ширину талх» ва ғайраҳоро қироат намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *