Мағфират Юсуфӣ — Тоҷикистон

Дилсардӣ

Оё ту ҳам муносибати сард дидаӣ?
Дар фасли навбаҳор рухи зард дидаӣ?
Танҳову хастаҳол занеро ба мисли ман,
Аз ғуссаҳои хотира дилсард дидаӣ?
Дар гирудори зиндагӣ аз дасти сарнавишт,
Бечоранолиҳои яке мард дидаӣ?
Дар зиндагӣ зи ёру рафиқон…бигзарем,
Муҳтоҷиҳои одами номард дидаӣ?
Аз дасти рӯзгору таҳоҷуми ғуссаҳо,
Дар шишаҳои хотираат гард дидаӣ?
Шабҳо зи дарди бекасӣ хобат н-ояд ба чашм,
Худро ба мисли сояи шабгард дидаӣ?
Ман дидаам хиёнати ёрони хешро
Оё ту ҳам муносибати сард дидаӣ?

***
Хомўш
Дигар барои шаби ман, шаҳоб лозим нест,
Ба рӯзи равшани ман, офтоб лозим нест.
Дигар ба дорунадорӣ касе надорам кор,
Ва баҳри бурдани ҷонам, таноб лозим нест.
Агарчӣ ҳастии ман чун кавир хушкида,
Ба вақти кандани ҷон, аз ту об лозим нест.
Ба сад суоли дилам чун хамӯш биншастӣ,
Сухан магу дигарам, чун ҷавоб лозим нест.
Миёни мову рақибам, ту лолу ҳайронӣ,
Бирав, бирав, ки дигар, интихоб лозим нест.

مغفرت یوسفی- تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *