Маҳинаи Давлат аз «Оила » ғолиби озмун шуд (АКС)

Дар даҳаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ озмун, ки миёни рӯзноманигорон вобаста ба мавзӯи бемории сил  эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Фотима Ғоибова, сардори матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳозиринро хушомадед гуфт. Қайд кард, ки аз аввали соли ҷорӣ бо дастгирии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)  дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар миёни рӯзноманигорон эълон шуд, ки дар он беш аз 50 намояндаи ВАО  маводҳои хешро ирсол намуданд. Аз миёни онҳо 10 нафар рўзноманигорро барои эҷоди беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзўи бемории сил қадрдонӣ намуданд.

Туҳфаҳоро Камолзода Мирҳамуддин, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ ва Самата Хофман намояндаи ЮСАИД дар Тоҷикистон ба ғолибон супориданд.

Расонаҳои чопӣ:  Беҳрўз Холмуродов – рўзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, Маҳинаи Давлат – ҳафтаномаи  “Оила”, Шамсулло Фозилов – ҳафтаномаи “Фараж”

ВАО-и электронӣ:  Сафаралӣ Урунбоев – сомонаи интернетии «Ҳаёти солим», Лайло Тоирӣ – АМИТ «Ховар», Аҳлиддин Салимов – нашрияи интернетии «Фараж», Фармон Ҷурақулов – сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Радио/ТВ: Мўсо Абдуқаҳҳоров – Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», Ширинҷон Сафарзода – телевизиони «Сафина», Зулфия Раҳимзода – телевизиони «Тоҷикистон»

Ҳамчунин ба чил нафар иштирокчиёни дигари  озмун ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *