«Маҷлиси муассисон» ба ҳукумат ултиматум пешниҳод кард

Дар шаҳри Ереван-пойтахти Арманистон  музокирот бо гурӯҳи мухолифини тундрав аз созмони “Маҷлиси муассисон”, ки дар бинои пулис чанд нафарро гаравгон гирифтаанд, ҳанӯз ҳам идома дорад.

 

Роҳбарони идораи полиси Арманистон ҳушдор доданд, ки агар музокирот бо гаравгонгирҳо аз гурӯҳи “Маҷлиси муассисон” ноком шавад, онҳо амалиёти низомиро роҳандозӣ хоҳанд кард.

Ҳунан Погосян, муовини раиси пулиси Арманистон дирӯз  ба хабарнигорон гуфт, мақомоти амниятӣ мехоҳанд ҳамлагаронро барои лағви талаби раҳоии яке аз раҳбарони “Маҷлиси муассисон Жирайр Сефилян мутмаин созанд. Мақомоти полис Сефилянро дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мехонанд. Ба иттилои расмӣ, ӯ ва шаш нафари дигар рӯзи 20 июн ҳангоми харидани миқдори бузурги силоҳ барои гурӯҳи мусаллаҳ ба хотири ғасби биноҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Ереван дастгир шуданд. Аммо Сефилян ва ҳампаймонҳояш ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки боздошти яке аз раҳбарони гурӯҳи «Маҷлиси  муассисон» ангезаи сиёсӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *