Маҳмадсаид Убайдуллоев: нархи роҳкиро тағйр намеёбад

Бинобар иттилои сомонаи шаҳрдории пойтахти ҷумҳурӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар машварати фаъолони пойтахт, ки пагоҳии 27 сентябр доир гашт, фаъолияти як қатор сохторҳо ва зерсохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият давлатии шаҳри Душанберо мавриди интиқод қарор дод.
Вай аз ҷумла муҳокимаи лоиҳаро дар бораи аз нав дида баромадани нархҳои роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ки Хадамоти зиддиинҳисории кишвар тасдиқ кардааст, ба таъхир гузошта, масъулони соҳаро вазифадор кард, ки вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро бори дигар амиқ омӯзанд.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *