Маҳнозро хатои духтурон гирифтори сил кард?

Ниёзӣ Маҳнози 5-моҳа баъди гузаронидани ваксинаи БСЖ ба бемории сил гирифтор шуд. Падари кӯдак Ниёзӣ Маъруфҷон, ки худ дорои маълумоти олӣ аст аз он нигаронӣ дорад, ки мувофиқи қонун ваксинаи БСЖ-ро бояд ройгон гузаронанд, аммо пас аз 4 рӯзи таваллуди духтарачааш, яъне санаи 13 феврали соли ҷорӣ ӯ ба арзиши 15 сомонӣ ба фарзандаш дард харидааст:

-Барои фарзандам маблағ не, ҷонамро фидо мекунам, аммо бароям аламовар он аст, ки бар ивази маблағ ба дарди духтарчаам шифо не, ба ҷони солими ӯ вируси бемории силро харидам. Ташхиси духтурони Беморхонаи вилоятӣ нишон дод, ки ваксинаи БСЖ-ро духтурони таваллудхонаи ноҳиявӣ нодуруст гузаронида, тифлро гирифтори беморӣ кардаанд.

Илова ба ин духтуроне, ки духтарамро ба дард печиданд ба ҷои хатои худро иқрор шудан корманди соҳаи маориф будани маро сӯйистифода карда, мудири маорифи ноҳияро  ба миён андохта  истодаанд, то ман ҳам мисли дигар волидоне, ки ҳоли маро доранд мӯҳри хомушӣ ба лаб занам. Ҳатто ба ман фишороварӣ карда истодаанд, ки агар ин масъаларо расонаӣ кунӣ аз корат маҳрум мекунем…

Идома ва таҳлили масъаларо, ки фикри волидони кӯдак, силшиносони ноҳия ва вилоят, инчунин сардухтурони  беморхонаи ноҳиявӣ ва таваллудхона дарҷ шудааст, дар шакли чандрасонаӣ дар сайти мазкур ва шумораи  баъдии ҳафтаномаи “Тоҷикистон ” мутолиа намоед.

                                                                                                                                                          Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *