Мақоми баландпояи Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон омад

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо бо як дидори расмӣ шоми 29 май вориди Душанбе шуд ва аз сӯи Сироҷидди Мӯҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон мавриди истиқбол қарор гирифт.

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо бо як дидори расмӣ шоми 29 май вориди Душанбе шуд ва аз сӯи Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон мавриди истиқбол қарор гирифт.

Интизор меравад, имрӯз, 30 май, Доналд Туск бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳо, амнияти минтақа, муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва тундгароӣ ва вазъияти марз бо Афғонистонро матраҳ кунад.

Ҳоло маълум нест, ки вай дар канори музокирот бо мақомоти олии Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар низ мулоқот мекунад ё хайр.

Ҳамчунин, раҳбари Шӯрои Аврупо дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон сафар карда ва аз пиряхҳо ва Кӯли Сарез дидан хоҳад кард.

Равобити Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соли 1992 оғоз шуда ва то ба имрӯз ин ниҳоди байналмилалӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 35 миллион евро кумаки билоиваз расондаааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *