Мақомот: Як фард наметавонад аз ду симкорт зиёд дошта бошад
Аз ин ба баъд як ширкати мобилӣ ҳаққ надорад, ки ба як муштарӣ бештар аз ду симкорт бифурӯшад. Тасмими мазкур бар асоси як қарори муштараки вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, гирифта шудааст.
Вале дар ин қарор, ки ҳанӯз рӯзи 2-юми майи соли ҷорӣ қабул ва ҳамакнун расонаӣ шуд, омадааст, ки агар муштарӣ соҳиби фарзанди ноболиғ бошад, метавонад бо пешниҳоди шаҳодатномаи таваллуди ӯ, барои фарзанди то 14- сола боз як симкорт ва барои фарзанди 15-17 сола ду симкорти дигар ба номи худаш гирад.
Ба гуфтаи мақомот, ин тасмим ба ҳадафи амнияти шаҳрвандон ва бекор нахобидани симкортҳои иловагӣ рӯи даст гирифта шудааст. Зеро дар сурати истифода набурдани симкортҳои фурӯхташуда ва ғайрифаъол будани онҳо ҳам, ширкатҳо маҷбуранд, ки ҳар моҳ барои як симкорт 80- дирам пардохт намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ