Мақомоти давлатӣ ва Шӯрои уламо зидди варзиши “бидуни қоида”

Мақомоти давлатии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои кишвар намудҳои варзиши “бой без правил” ё  муҳорибаҳои омехтаро қобили қабул  намедонанд.
Тибқи изҳороти Шӯрои уламо, ки  дар дар сомонаи расмияш ба табъ расондааст,  “ҳар навъи варзише, ки дар он фармудаҳои шариат риоя мешавад, ҷоиз аст. Аммо он навъ варзишҳое, ки ба саломатӣ ва рӯҳу равони инсон зарар дорад, шариат онро ҳаром қарор додааст. Мусулмон бояд ба варзише машғул шавад, ки ба ҷисму ҷон ва рӯҳу равонаш манфиат дошта бошад”.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш гуфта буд, ки «давлат муҳорибаҳои омехтаро дастгирӣ намекунад. Дастгирии давлатӣ, асосан ба намуди варзишҳое равона шудааст, ки барои рушди зеҳнию ҷисмонии шаҳрвандон заруранд ва зараре надоранд. Давлати Тоҷикистон бештар ба намудҳои олимпӣ ва миллии варзиш таваҷҷуҳ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *