Мақомоти тафтишоти Маскав парастори кӯдаккушро девона баровард

Зимни анҷоми таҳқиқоти парвандаи пурсарусадои Гулчеҳра Бобоқулова Мақомоти тафтишотии Маскав муайян кардаанд, ки ӯ мубталои бемории шизофренияи шадид аст.

Гулчеҳра Бобоқуловаи 39-сола,зодаи Узбакистон моҳи феврали соли ҷорӣ сари кӯдаки 4-солаи мавриди парастории худашро, аз тан ҷудо карда буд. Тибқи ташхиси табибон Гулчеҳра девона шумурда шудааст. Аз ин рӯ, муфаттишон парвандаи ин мутаҳҳамро бо ин хулоса, ки ӯ ба табобати ҳатмӣ ниёз дорад, ба додситонӣ фиристодаанд.
Номбурдаро рӯзи 29 феврал дар назди метрои «Майдони октябр» дар ҳоле боздошт шуд, ки сари буридаи кӯдакеро дар даст дошт. Баъдтар эълон шуд, ин кӯдак Настя ном доштаву Гулчеҳра ба ҳайси парастори ӯ фаъолият мекардааст. Бино ба иттилои тафтишот, ин шаҳрванди Узбакистон баъди он ки волидони кӯдак аз хона мебароянд, сари ӯро бурида, хонаро оташ мезанад. Бобоқулова ҳангоми бозпурсиҳо, ки навори онҳо низ дар интернет нашр гардид, куштори кӯдакро қасос аз Владимир Путин, президенти Русия барои иқдомаш дар Сурия гуфтааст. Аммо Кремл ин баёнияро натиҷаи бемории равонии боздоштшуда эълон кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *