Мақсади дуздии ҷавони 22-сола барбод рафт

 Мақомоти милитсияи вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки як ҷавони 22 сола ниқоб дар рӯй бо корд найза ба хонаи пиразан ворид ва ӯро маҷрӯҳ кардааст. Ин ҳодиса ҳафтаи сипаришуда шабона тахмин соатҳои 02:00 дақиқа дар ҳавлии Мӯътабар Ашӯрматоваи 75 сола, сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови ноҳияи Конибодом ба вуқӯъ пайвастааст. Мақомоти милитсия мегӯяд, ҷавон бо нияти роҳзанӣ ба хонаи пиразан ворид мешавад ва аз баски соҳибхона аз ин ҳолат воқиф мешавад бо ниқобпӯшу найза бадаст муноқиша мекунад. Дар натиҷа ҷавон пиразанро захмӣ ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Пиразан бо бардошти ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона бистарӣ ва ба бемории қалб дучор шудааст.

Шарҳи ҳодисаи мазкурро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *