Маҳсулоти арзон мехоҳед, шитобед ба «Кохи Борбад»

Соли ҷорӣ медиахолдинги «Оила» лоиҳаи бузурги «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон»-ро бори чорум мешавад, ки ба амал бароварда истодааст. Тӯли чаҳор сол ин лоиҳа дар байни соҳибкорони ватанӣ нуфуз ва эътибори баландро пайдо кард. Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» тарғиби маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва қадрдонӣ намудани заҳмати афродест, ки бо меҳнату заҳмати хеш рӯи дастархони моро пурфайзу баракат гардонида, зиндагиии мардумро гуворотару ободтар месозанд. Дар озмун чӣ корхонаҳои бузургу машҳур ва чӣ навташкилу хурди ватанӣ, ки дар соҳаҳои истеҳсолот, савдо ва хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ширкат варзида, барои ба даст овардани ҷоизаи «Тамғаи писандида» аз рӯи 28 номинатсия байни худ рақобат ва қувваозмоӣ намуданд. Бештар аз 40 ҳазор тоҷикистониён барои маҳсулоти писандидаи хеш тавассути рӯзномаҳои «Оила», «Рекламная газета», сомонаи rg.tj райъ доданд. Ҳамчунин тариқи суҳбат бо истеъмолкунандагон ба тарзи face to face дар нуқтаҳои савдо ва серодам пурсишҳо гузаронида шуданд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур 4,5,6 май дар «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши маҳсулоти зиёда аз 30 корхонаву истеҳсоливу ширкатҳои хизматрасону савдо аз ш. Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ роҳбарони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи Савдо ва Саноати ҷумҳурӣ, намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳо, намояндагони ВАУ иштирок менамоянд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти хӯрока, аз қабили маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, ҳасибҳо,қаннодӣ, маҳсулоти консервшуда, шарбату нӯшокиҳо,асал, равғанҳои растанӣ, чой, намак, ҳамчунин молҳо барои хона, таъмиру сохтмон, молҳои канселярӣ ба тамошо ва фурӯш гузошта хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ярамарка корхонаҳои сохтмонӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ,марказҳои дилхушии кӯдакон, шабакаҳои нуқтаҳои савдо иштирок хоҳанд кард. Ҳар касе, ки ба намоишгоҳ ташриф меорад, метавонад маҳсулоти писандидаашро бичашад ва бо нархи арзон онро харидорӣ намояд. 6 май дар меҳмонхонаи «Хаятт Ридженси Душанбе» ғолибони озмун расман эълон мешаванд ва ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ ҷоизаи ифтихории «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» супорида хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *