Маҳсулоти ниёзи аввалия арзонтар мешавад?

Қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 майи соли 2017 таҳти № «264 «Дар бораи тадбирҳои ғанигардонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарафи Рамазон» ба тасвиб расид.

Қарори мазкур бо мақсади ғанигардонии бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва ба ин васила роҳ надодан ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе, муддати як моҳ роҳандозӣ мешавад.

Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Деҳқон», «Бозори Шоҳмансур» ва «Бозори Саховат» дар моҳи шарифи Рамазон барои сохторҳои марбутаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вазифадор шудаанд, ки  соҳибкорону тоҷиронеро, ки маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзиро дар бозорҳои номбурда ба фурӯш мебароранд, аз пардохти маблағҳои яквақта озод намоянд.

Ба души Раёсати рушди иқтисод ва савдо якҷоя бо роҳбарони бозорҳои коммуналӣ ва дигар сохторҳои дахлдори соҳа баргузории ярмарка ва фурӯши маҳсулоти гӯштиро аз ҳисоби соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (Рӯдакӣ, Турсунзода ва Ҳисор) дар моҳи шарифи Рамазон дар назди бозорҳои шаҳр ва бо нуқтаҳои алоҳидаи савдо таъмин намудани онҳо вогузор гардидааст,

Ҳамзамон,раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Раёсати рушди иқтисод ва савдо бояд  ҳамкориро  бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дуруст ба роҳ монанд ва  дар рӯзҳои шанбею якшанбе дар КВД «Бозор Меҳргон», бозори “Қарияи Боло”, кӯчаи Ҳусейнзода (дар назди бинои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон), Муассисаи  давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии “Дӯстии халқҳо» бо саҳмгузории кишварзони ноҳияҳои тобеи марказ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатиро ба роҳ мемонанд.

Бо мақсади таъмини рақобати солим ва коҳиш додани нархи маҳсулот маъмурияти бозорҳои коммуналӣ таҳти масъулияти шахсии директорони бозорҳо ва аз роҳбарони бозорҳои хусусӣ бевосита бо истифода аз маблағҳои молиявии худӣ, ҳамарӯза дар моҳи шарифи Рамазон мустақиман харид, ворид, захира ва фурӯши маҳсулоти аввалияро таъмин мекунанд.

Ба зиммаи Раёсати ВКД ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати назорати давлатии байторӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе назорати тартиботи ҷамъиятӣ, чораҳои зиддисухторӣ,  санитарию эпидемиологӣ, байторӣ ва санҷиши сифати маҳсулоти воридшуда дар бозорҳои истеъмолии шаҳр ва ярмаркаи фурӯши маҳсулот дар доираи салоҳияти онҳо вогузор шудааст.

Э. НАЗАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *