Маҳсулоти қочоқии «Сармад-2000» ошкор шуд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуҷалил Қаҳҳоров, раҳбари 35-солаи ширкати «Сармад-2000»-умро дар қочоқи молу маҳсулот аз Чин муттаҳам карда нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ҷамила Мирбозхонова, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтааст, ки Қаҳҳоров дар қочоқи беш аз як миллион сомонӣ молу маҳсулот муттаҳам мешавад.
Ба гуфтаи Мирбозхонова, Қаҳҳоров 27 номгӯи молу маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили таҷҳизоти техникӣ, либосҳои гуногун, чархи ароба, телевизорро бидуни ба расмиятдарории гумрукӣ вориди Тоҷикистон кардааст. Вай гуфт:
«Абдуҷалил Қаҳҳоров пинҳонӣ мошинҳои боркашро бо борҳояш дар анборҳои ширкат, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир мебошад, ҷой кардааст ва зимини санҷиш ин амали ӯ ошкор шудааст».
Нисбати раҳбари ширкати «Сармад-2000» бар асоси моддаи 289, қисми 2, яъне «қочоқи молу маҳсулот ба миқдори калон» парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, ки ба муҷрим аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Парвандаи ӯро ҳоло Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиш мекунад.
Вокуниши худи Қаҳҳоров ба ин иттиҳом феълан дар даст нест. Аз рӯи иттилои мақомот, ӯ феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ