Маблағи ғайриқонунӣ- Аз манъи он волидон хурсанд, омӯзгорон чӣ?
Хабар дар бобати аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидани қарор дар бораи минбаъд аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт таъмир кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ дар ҷомеа вокуниш ба миён овардааст. Қарор ба амали ғайриқонунии аз ҳисоби падарону модарон ҷамъ овардани маблағ барои таъмири ҳарсолаи мактабҳои ибтидоиву миёна ва боғчаҳои бачагона «девори чиноӣ» эҷод карданист.
Тавре Муҳаммадалӣ Азизӣ,
сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иброз кард, қарори мазкурро Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чанде пеш ба тасвиб расондааст.
— Дар ин бобат бо иқдоми дастури шаҳрдорӣ ба ҳамаи раисони ноҳияҳои пойтахт дастурнома ирсол карда шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии чор ноҳияи шаҳр вазифадор карда шуданд, ки муассисаҳои таҳсилоти миёни умумӣ ва томактабиро аз ҳисоби буҷетҳои ноҳиявӣ таъмир кунанд.
Ба гуфтаи сардори Сарраёсати маорифи шаҳр ҳамаи раисони ноҳияҳои пойтахт бояд то 1 августи соли равон ба Раиси шаҳри Душанбе дар бобати кори анҷомдодаашон гузориш диҳанд.
-Мо бо мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр маҷлис доир намуда, моҳияти қарори мазкурро фаҳмонда додем, — афзуд Муҳаммадалӣ Азизӣ. — Имсол низ дар баъзе мактабҳо аллакай дар моҳҳои марту апрел маблағи таъмирро аз падарону модарон ҷамъ карда гирифта буданд. Масалан, маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86 ҳамон вақт беш аз ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда буд, ки тамоми ин маблағ ба волидон баргардонида шуд. Ин ташаббус дар муассисаҳои дигар низ давом дорад…
Аз шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи шаҳри Душанбе сабаби ба миён омадани чунин иқдоми судмандро аз арзу шикояти бешумори падарону модарон доир ба пулғундориҳои қайриқонунӣ, пеш аз ҳама, барои таъмири мактабҳо, шарҳ доданд.
Ин иқдомро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, омӯзгорон ва падарону модарон чӣ тавр истиқбол гирифтанд, аз андешаҳои кӯтоҳи мусоҳибон, ки хабарнигорамон омода кардааст, хулоса бароварда метавонем.
Баҳриддин Муҳиддинов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ:
— Бояд қоил шуд, ки як сабаби паст шудани обрӯйи муаллим дар ҷомеа ҳамин маблағҷамъкунии беасос ва ғайриқонунии баъзеи онҳо аз падарону модарон, аз ҷумла барои таъмири мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, мебошад. Мактаб барои баъзе омӯзгор манбаи даромади муфт шуда буд. Инро ҳамагон медонистему вале пеши роҳашро гирифта наметавонистем. Аз ин рӯ, иқдоми хеле саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дасти моро аз барои пешгирӣ ва манъ кардани ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ аз ҳисоби падарон модарон кушод. Мо иқдоми шаҳрдориро маъқул ёфта, аз пайи иҷрояш ҳастем. Аввалан, дар ҷаласаҳо аз он директорони мактабҳои ноҳияро воқиф сохтем. Масъаларо омӯхтаю муҳокима намуда, ҳама иброз доштанд, ки аз байн бурдани ин амали номатлуб ба беҳтаршавии сифати таълиму тарбия дар муассисаҳо ва беҳбудии муносибати мактаб бо оилаҳо хоҳад шуд.
Дар ноҳия алҳол 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (43 700 хонанда) ва 23 муассисаи томактабӣ ( 5519 дастпарвар) фаъолият доранд. Мо сметаи таъмири ҳамаи онҳоро тартиб дода, ба раиси ноҳия пешниҳод намудем. Аниқ намудем, ки барои таъмири як муассисаи таълимӣ аз 80 ҳазор то 200 ҳазор сомонӣ маблағ лозим аст. Бинобар ин, корҳои таъмири муассисаҳои таълимиро дуруст ба роҳ мемонем ва таҳти назорати қатъӣ мегирем, то ба соли нави хониш ва тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 пурра омода шавем.
Озодамоҳ Бобоева, директори МТМУ №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Эргаш Шарифов:
— Ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе хеле созандаю барои омӯзгорон ва хонандагони муассисаи мо фараҳбахш аст. Моҳи сеюм аст, ки дар ин ҷо роҳбарам ва дар ин муддат ба коллективи омӯзгорон ва падарону модарон таъкид кардаам, ки аз ҳеҷ кас ягон хел маблағи ғайриқонунӣ ҷамъ наоранд ва надиҳанд. Бо омӯзгоре, ки ба ин гуна амал даст мезанад, ҳатман чораи қатъӣ меандешем.
Муассисаи таҳсилоти мийнаи умумии №11 мактаби куҳантарини ноҳия ва пойтахт 81 сол боз ба таълим тарбияи насли наврас машғул аст. Қабл аз он ки номаи Раиси шаҳри Душанбе ба дасти мо расад, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбею ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Сарраёсати маорифи шаҳр ба бо вазъи таассуфангези мактаб хуб шинос шуданд. Росташ, муассисаи таълимии мо на ба таъмири капиталӣ, балки азнавсозӣ эҳтиёҷ дорад. Алҳол пас аз баргузории тендери шаҳрдорӣ сохтмончию таъмиргарон маълум шуданд ва дар давраи таътил ба корашон шурӯъ хоҳанд кард.
Абдураҳим Афизов, сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ:
— Фарзандонам чандин солҳо пеш мактаби миёнаро хатм карданду акнун навбати мактабхонии наберагонам аст. Ду набераам мактабраванд. Ба ростӣ, аз пулпурсии баъзе муаллимон кас дилгир мешавад. Бо ҳар баҳона пул талаб мекунанд, агар талабашонро иҷро накунӣ, хонанда дар чашмашон бад метобад, сабақи дуруст намедиҳанд, вазифаи хонагиашонро намепурсанд…
Шукр, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо қарори нав қабулкардааш ба ҳамаи ин қонуншиканӣ дар мактаб хотима мегузорад. Волидонро низ ташвиш камтар мешаваду он маблағи ҳалоли худро барои рӯзгору дарсхонии бачаҳо сарф мекунанд. Муҳимаш, қадри муаллим дар назари падарону модарон баландтар мешавад.
Тозагул Раҳмонова, Аълочии маорифи Тоҷикистон, муаллимаи МТМУ №59-и ноҳияи Сино:
— Ман ҳамчун омӯзгор ва модар ба ин қарори шаҳрдории Душанбе баҳо медиҳам. Аз як сӯ, барои падарону модарон дастгирии хуб мешавад. Пеш аз ҳама, барои оилаҳои камбизоат, ки чанд фарзандашон хонанда ҳастанд.
Аз дигар сӯ, як ташвишу саргардонии муаллимон кам ва нафасамон рост шуд. Мо, муаллимон 10-15 рӯзи рухсатиамон аз баҳри ҷамъоварии пули таъмир сарсону саргардон мешудем. Асабҳо харобу муносибат бо маъмурияти мактаб, хонандагон ва падарону модарон сард мешуд. Ба чашми ҳамдигар рост нигариста наметавонистем. Буданд муаллимоне, ки бо таҳдиди баҳои хубу қаноатбахш нагузоштан ба шогирдон маблағи таъмири мактабро ҷамъ меоварданд.
Э. НАЗАРОВ,
«Тоҷикистон».
Назари шумо хонандагони гиромӣ ба ин қарори Раиси шаҳри Душанбе чист? Ба фикри шумо қарори мазкур пеши маблағҷамъкунии муаллимонро аз волидон гирифта метавонад? Андешаи худро ба унвони ҳафтаномаи писандидаатон «Тоҷикистон» ё сомонаи Тojikistonteims фиристонед. Телефонҳо: 238-54-51 ё 985-508-019.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ