Маблағи моҳонаи кӯдакистонҳои Тоҷикистон 20 сомонӣ гарон шуд

    Аз оғози соли 2017 маблағи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон аз 80 сомонии қаблӣ то ба 100 сомонӣ боло рафт. Ин меъёрбандӣ танҳо ба кӯдакистонҳои шаҳру навоҳии калони Тоҷикистон аз ҷумла Душанбе, Қӯрғонтеппа, Норак, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Бӯстон, Турсунзода, Ваҳдат, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Шаҳринав тааллуқ дорад.

  Дар кӯдакистонҳои шаҳру навоҳии Хоруғ, Исфара, Гулистон, Панҷакент, Роғун, Сарбанд, Кӯлоб, Шуғнон, Зафаробод, Деваштич, Варзоб, Рашт, Файзобод, Нуробод ва Ёвон нархи якмоҳаи нигоҳубини кӯдак 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 75 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар дигар шаҳри ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ ин маблағ ба 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 сомонӣ баробар аст.

                                                                                                                                                             Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *