Маблағи шартномаи донишҷӯёни хориҷӣ ва ватанӣ дар ДДТТ
Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 8075 донишҷӯ таҳсили илм доранд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 575 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ва 776 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда ташкил медиҳанд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон иттилоъ дода, афзуд, ки 30% таҳсил ба забони тоҷикӣ, беш аз 50 % ба забони русӣ ва 6% ба забони англисӣ сурат мегирад.
Ба саволи тафовут дар маблағи шарномаи донишҷӯёни тоҷик ва хориҷӣ ректори донишгоҳ иброз дошт, ки донишҷӯёни берун аз ҷумҳурӣ $ 3500 ва донишҷӯёни ватанӣ $ 900-1200 барои таҳсил пардохт мекунанд. Имсол раёсати донишгоҳ тасмим дорад, ки теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ боз зиёдтар шавад. Сабаби ин зиёдшавиро ректор чунин шарҳ дод: « Мо ният дорем, ки дар соли хониши соли ҷорӣ яке аз корпусҳои дигари донишгоҳро дар Қарияи Боло, ки муддати 25 сол ин ҷониб бекор хобида буд, азнавсозӣ намуда, ба истифода диҳем. Барои ин хароҷотҳои иловагӣ лозим аст».
Гулзода дар бораи мутахассисон ҳарф зада гуфт, ки қариб 90 фоизи донишҷӯён баъди хатм мехоҳанд акушер-генколог, ҷарроҳи дил шаванд: «Аммо мо мехоҳем, ки танҳо мутахассисони сатҳи касбӣ омода шаванд. Тоҷикистон ба мутахассисони терапевт ва тибби оилавӣ ниёз дорад. Дар тамоми кишварҳои дунё таваҷҷуҳ ба омода намудани тибби оилавӣ бештар зоҳир мегардад. Дар ин замина теъдоди ҷавоне, ки рӯйи илми тиб меоранд, он қадар зиёд нест».
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар қатори дигар муассисаҳои олии кишвар зарбаи буҳрони молиявии минтақавиро эҳсос кардааст. Ба андешаи ректор, қариб 60 фоизи донишҷӯёни ин донишгоҳ тариқи шартномавӣ таҳсили илм мекунанд. «Пеш мудирони кафедра 2000-2500 сомонӣ баробар ба 400-500 доллар маош мегирифтанд. Ҳоло низ ҳамин маблағро мегиранд. Аммо беқурбшавии пулро ба назар гирем, имрӯз он 300 доллар аст. Ҳамчунин, ба донишҷӯёни шартномавӣ имконият дода шуд, ки маблағи шартномаро зина ба зина дар вақти муайяншуда пардохт намоянд».
Гулзода дар мавриди таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара изҳори хушнудӣ кард. Зеро Хатлон сераҳолитарин вилояти кишвар буда, нарасидани мутахассисони касбии соҳаи тандурустӣ бештар мушоҳида мешавад. Имсол бо кумаки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон қабули довталабон оғоз гардидааст. 90 фоизи комиссияи қабул аз ҳисоби устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ташкил медодааст. Аз рӯйи маълумоти расида имсол 350 нафар ба ин донишгоҳ қабул карда мешавад, ки бештарашон тибқи квотаи президентӣ таҳсили илм менамоянд. Ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ ҳамасола дар асоси квотаи президентӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миқдори муайяни донишҷӯён ҷалб карда мешаванд. Аммо ректор изҳори таассуф кард, ки баъди хатм на ҳамаи донишҷӯён, ки тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, барои кор ба зодгоҳи худ бармегарданд. Дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм ҷиҳати таъмини бо ҷойи кор ва зист кӯшишҳо ба назар мерасад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ