Маблағи ҷаримаю кумакпулиҳо дар Тоҷикистон зиёд мешавад

Дар Тоҷикистон аз аввали моҳи январи соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисоби ҷарима, андозу боҷ ва пардохтҳои иҷтимоӣ зиёд мешавад.

Дар асоси Қонун «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2023, ки ахиран Маҷлиси намояндагон қабул кард, аз 1 январи соли оянда нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 68 сомонӣ муқаррар гардид.

Ин дар ҳолест, ки ҳоло 1 нишондиҳанда ба 64 сомонӣ баробар мебошад. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2021 муодили 60 сомонӣ ва як соли пеш аз он 58 сомонӣ буд. Нишондиҳанда ҳангоми ҳисоби ҷаримаю боҷу андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин кумакпулиҳо истифода бурда мешавад.  

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти сатҳи беқурбшавӣ барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад. Дар ин росто, ҳар сол дар Тоҷикистон ҳаҷми маблағи нишондиҳаҳандаҳо боло майли боравӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *