Мадади Озарбойҷон ба Тоҷикистон, Президент сипосгузорӣ кард
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Ҳукумати Озарбойҷон барои кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон изҳори сипос кард. Асосан кӯмаки Озарбойҷон ба Тоҷикистон аз лавозимоти тиббӣ иборат аст.
7 май Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев зимни суҳбати телефонӣ вазъи кунунии беҳдоштӣ-эпидимиологӣ дар ҷаҳонро баррасӣ намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъияти ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд.
“Зимни суҳбат Сарони давлатҳо инчунин оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандӣ ва омодагии худро барои густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни кишварҳо таъкид карданд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.
Дар анҷоми суҳбат Президенти Тоҷикистон ба Президент ва ба мардуми Озарбойҷон саломатӣ ва комёбӣ орзу кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ