Мадина

Мадина Ақназарова: “Сарояндаи сол” туҳфаи мухлисонам аст!

Сарояндаи маъруфи попи тоҷик Мадина Ақназарова дар Рейтинг-2022-и сомонаи Pressa.tj дар номинатсияи “Сарояндаи сол” пешсаф шуд.

Дипломи “Сарояндаи сол”-ро дар идораи сомона сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур ба сароянда супорид.

Мадина Ақназарова «Сарояндаи сол» шуданашро хизмати мухлисонаш арзёбӣ намуд:

“Аз ҳамаи мухлисонам миннатдорам, ки ба ҷонибдориам  овоз доданд ва ман “Сарояндаи сол” интихоб шудам. Кӯшиш мекунам, ки сазовори боварии мухлисонам бошам ва ба онҳо хизмат намоям”,-гуфт номбурда.

Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Волидайнаш аз ВМКБ мебошанд. Вақте ки Мадина 4 — сола буд, оилаи онҳо ба Русия мекӯчад ва кӯдакии ӯ дар Санкт-Петербург сипарӣ шудааст. Синфи 9-и мактаби миёнаро дар он ҷо хатм кард ва ба Душанбе баргашта, дар Коллеҷи санъат таҳсил кардааст.

Ду сол корманди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд ва баъдан ба фаъолияти мустақили эҷодӣ гузашт.   

Мадина соли 2017 ба майдони эстрадаи тоҷик бо албоми “Эй ёр-ёр” ворид шуд. Эҳёи сурудҳои халқӣ ва ба шеваи муосир таҳия кардани онҳо ӯро миёни мухлисон маҳбуб кард. “Арӯсу шаҳ зебанда”, “Ай ки ба дӯши саҳар”, “Ай ёр ёр”, “Бирақсем”, “Дилакам”, “Гули себ”, “Ҷону дилам”, “Кори ту”, “Оре”, “Сайри Бадахшон”, “Шаб”, “Ту будӣ”, “Ту марав” “Дидам нигори худро”, “Кабкаки маст”, “Сабзинаранг” маъруфтарин сурудҳои ӯ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *