Мадина Акназарова “Боз омадӣ”-и Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ кард

Ютубканали Qiam Entertainment суруди нави сарояндаи шинохтаи тоҷик Мадина Акназароваро бо номи “Боз омадӣ” нашр кард.

“Боз омадӣ” суруди шодравон Аҳмад Зоҳир аст, ки Мадина Акназарова онро бозхонӣ кардааст. Суруд дар пасманзари сиёҳ наворбардорӣ шуда, инчунин, либосҳои овозхон ҳам сиёҳ ҳастанд.

Чор мисраи аввали суруд чунин оғоз мешавад:

Боз омадӣ, ай ҷони ман,

Ҷонҳо фидо, эй ҷони ту.

Ҷони ману сад ҳам чун ман

Қурбони ту, қурбони ту.

Мадина Акназарова аз ҷумлаи овозхонҳои сермухлиси тоҷик буда, дар ду моҳи охир ин дуюмин суруд аст, ки манзури ҳаводоронаш мекунад. Таронаи “Боз омадӣ” дар ду шабонарӯз зиёда аз 40 ҳазор тамошобин пайдо карда, то ҳол дар ютубканали шахсии овозхон нашр нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *