Мадраса кӯдакистон шуд: Мулло Саъдулло афсӯс мехӯрад

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар ноҳияи Ашт, ки аз соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол” табдил дод шуд.

Мадрасаи деҳаи Сарои ҷамоати шаҳраки Шайдон дар  ноҳияи Ашт, ки аз  соли 1997 то соли 2011 фаъолияти ғайриқонунӣ дошт, ба Муассисаи давлатии таълимии томактабии №12 “Истиқлол”  табдил дод шуд.  Баъди   мадрасаро ба  кӯдакистон табдил додан имрӯз 42 нафар соҳиби ҷойи кору маош шудаанд.

Раҳматуллоева:-“Мадраса пеш кӯдакистон буд, аммо…”

Зулфиҷон Раҳматуллоева, муассиси боғча ва собиқ мудири он аст. Оид ба масъалаи табдил додани мадраса ба боғча чунин гуфт:

-Солҳои 1995-1997 фаҳмиши дунёвии мардум камтар буд ва ба ҷои зиёд кардани теъдоди муассисаҳои тиббию маориф, мутаассифона шумораи масҷиду  мадрасаҳо зиёд буд. Ин кӯдакистон, ки 14 сол ба мадраса иваз карда шуд, дар асл   муассисаи томактабӣ буд. Аммо бо баъзе сабабҳо ин биноро ҶДММ “Бофанда” ба иҷора гирифт. Баъди хуб фаъолият карда натавонистан аз  кор бозмонд.  Баъданд  онро диндорони ин деҳа ба иҷора гирифтанд ва ба мадраса табдил доданд.

Соли 2011 дар натиҷаи таҳлили масъулини мақомоти амният ва дигар сохторҳои ноҳияи Ашт ғайриқонунӣ фаъолият кардани мадраса ошкор  ва фаъолияташ боздошта шуд. Баъдан ба унвони раиси ноҳия бо ариза  муроҷиат кардам, ки мехоҳам биноро дубора ба кӯдакистон табдил диҳам. Раиси ноҳия  дастгирӣ карда, иҷозат доданд ва мо барои таъмири  бино корро оғоз кардем. Зеро бино бисёр ҳоли хароб ва ҳатто ваҳмангезе дошт. Аз сентябри соли 2014 кӯдакистони мо ба кор оғоз кард. Мувофиқи барнома бо ду забон:-тоҷикӣ ва русӣ кӯдакон таълим гирифта истодаанд. Ҳоло шумораи онҳо ба 222 нафар баробар аст ва мо тамоми кӯшиши худро ба он равона карда истодаем, ки шумораи кӯдакон бештар ва сифати таълиму тарбия боз ҳам беҳтар шавад.

20 хатмкардаи мадраса дар давлатҳои Ироқу Шом

Яке аз сабабҳои аслии баста шудани мадрасаи мазкур фаъолияти ғайриқонунӣ доштани он аст. Ба гуфти масъулини мақомоти амнияти ноҳияи Ашт ин мадрасаро дар давоми 14 соли фаъолияташ беш аз 300 нафар хатм кардаанд, ки ҳамаи онҳо аъзои фаъоли ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ (ҲНИ) буда, ҳатто тӯй ва дигар маъракаҳои онҳо дар ҳамин мадраса бо русуми исломӣ мегузаштааст.

Дар тӯйҳои арӯсию домодӣ аз ҳисоби маблағгузории ТЭТ ҲНИ домуллоҳои номии кишварро бо маблағи то 1000 доллар гапзанон карда оварда, ба навхонадорон ва меҳмонон мавъиза мехондаанд.

Айни ҳол 20 нафар хатмкардагони мадраса дар ДИИШ қарор доранд. Аксарияти онҳо ба “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва ҷараёни “Салафия” аъзо буда, дар задухӯрдҳои Афғонистон, Сурияву Ироқ иштирок мекунанд, ки айни ҳол  дар пайгарди расмӣ қарор доранд.

 “Нуфуз”-и  баланд аз ҳисоби духтарони мадраса

Саъдулло Мирахмедов (машҳур бо номи мулло Саъдулло) духтарони толибилми мадрасаро мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор медодааст.

Мулло бо мақсади баланд бардоштани нуфузи худ барои муллоҳои исфарагӣ, ки бо намояндагони табақаи диндорон ва аъзои ТЭТ ҲНИ рафту омад доштанду онҳоро дастгирӣ мекарданд, дар турбазаи   шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)  зиёфатҳо ташкил намуда, барои шабгузаронӣ ва дилхушӣ  аз ҳисоби толибилмони мадраса ба наздашон духтар мебурдааст.

Мувофиқи гуфти масъулини ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ашт писари калонии Саъдулло Мирахмедов — Аббос Мирахмедов, бинобар нигоҳдории яроқи оташфишон ва ҷиноятҳои хусусияти экстремисти дошта, ба муҳлати 21 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Ду писари дигараш Масрур Мирахмедов ва Шараф Мирахмедов дар рӯйхати толибилмони ғайрирасмии мадрасаи Араб мебошанд.  Хатмкунандагони ин мадраса:- Фирдавс Шамсиддинов, Абдуманон Шералиев, Фаромуз Шералиев, Искандар Норматов, Боқӣ Усмонов ва ғайраҳо ба ТЭТ «Салафия» ва шаҳрвандон Фахриддин Абдуҳатов, Раҳмоналӣ Исматов, Нишоналӣ Абдуназаров, Рустамалӣ Абдуҳатов, Баҳромалӣ Исоматов, Нишонбой Ҳайитматов ва ғайраҳо ба ТЭТ «Ҳаракати исломии Туркистон» шомил гардида, феълан дар ҷустуҷӯ  қарор доранд. 

Сатрсӯзӣ дар мадраса

Рухсора Оқила (ба хотири шаъну эътибори қаҳрамон ном дигар шудааст) яке аз собиқ муҳассили мадраса аст, ки баъди чанд моҳи таҳсил сатри худро дар миёнаҷойи мадраса  бо нишони эътироз оташ задааст. Номбурдаро, ки ягона духтари оила ва эрка будааст, барои аз илми динӣ бохабар шудан ва  бастани рӯймол ва сатр падар модараш ба мадраса, ба назди  мулло Саъдулло мебаранд. Тақрибан 2 моҳ дар ин даргоҳ таҳсил мекунад ва ҳаракатҳояш дигар мешавад. Волидонаш сабаби рӯз то рӯз аз таҳсил дер омаданашро пурсон мешаванд. Билохир “косаи сабри духтар лабрез шуда” мегӯяд:- Ба мадраса дигар намеравам. Сатр намебандам. Рӯйи хунуки Мулло Саъдуллоро дидан намехоҳам! Маро маҷбур накунед, маро ба ҳоли худам монед,  вагарна кор бо нохушӣ меанҷомад. Ин мулло ҳаракатҳои ноҷо дорад, суханҳои ноҷо мегӯяд ва аз хондан то ба  таҳорат кардани духтарҳо дахолат мекунад. Духтар ҳамаи ҳолати корро ба волидайнаш мефаҳмонад ва бо розигии онҳо аз баҳри таҳсил дар мадраса гузашта бо нишонаи эътироз ва нафрат сатри дар сарашбударо дар пеши чашми муҳассилиуу мударрисон оташ мезанад.

Мирсаидов: «Марказҳои динӣ талаботро риоя накарданд»

Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили сиёсӣ дар робита ба  масъалаи баста шудани масҷиду мадрасаҳои ғайриқонунӣ  гуфт: -Ба масъалаи баста шудани масҷиду мадрасаҳо на аз нуктаи назари маҳдуд намудани озодиҳои динӣ, балки риояи қонун, таъмини амнияти кишвар бояд назар андохт.  Солҳои авали Истиклолияти давлатӣ барои фаъолияти марказҳои динӣ ягон монеа вуҷуд надошт. Вале муассисони бисёр марказҳои динӣ талаботи одитарини қонунро риоя накарданд.

Имрӯз, агар сабабҳои баста шудани онҳоро пайгирӣ намоед, аксар вақт ба як зуҳурот дучор мегардед. Ин ҳам бошад, чун ташкилоти динӣ аз қайд нагузаштани онҳо ва дар ихтиёр надоштани замин аст. Вале ба гумони ман сабаби асосӣ дигар аст, онро набояд пинҳон дошт. Ва онро набояд аз мардум пинҳон кард ва ошкоро ба онҳо бояд фаҳмонда дод. Ин хизмати хирсонаи тундравони динӣ, иғвогарон ва ифротгарон аст, ки давлатро барои қабули тадбирҳои амниятӣ маҷбур  намуданд. Баъзе масҷиду мадрасаҳо, ба ҷойи он ки барои тоату ибодат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ истифода шаванд, ба марказҳои тарғиботи ақидаву таълимоти бегона, фаъолияти сиёсӣ табдил ёфтаанд.

Дар феҳристи чунин марказҳо мадрасаҳо нақши манфии бузург доштанд, зеро аксари онҳо барои дигар кардани тафаккури ҷавонон бо роҳи «мағзисаршуйӣ»  мусоидат мекарданд ва ба амнияти кишвар таҳдид менамуданд. Фаъолияти мадрасаи мутавасситаи  Шайдон, ки бисёр дастпарваронаш олудаи  таълимоти бегона ва тундрави динӣ гардида, имрӯз дар набардҳои кишварҳои дигар ширкат меварзанд, далели равшани амалҳои сиёсии иғвогарона аст.

Мулло Саъдулло чӣ мегӯяд?

13 июни соли равон ба хонаи мулло Саъдулло рафтем, то ба худи ӯ низ суҳбат кунем. Мулло ба ҳар далел  кӯшиш мекард, ки ғайриқонунӣ будани мадрасаро инкор кунад. Суоли мо — “чаро тамоми ҳуҷҷатҳои мадрасаро сӯзонда нобуд кардед?” ҳам, беҷавоб монд. Оид ба таҳсилоти динии ғайриқонунӣ доштани ду писараш гуфт: — Ман ҳар рӯз бо писаронам телефонӣ гап мезанам. Бовар надорам, ки онҳо дар мадраса хонда истода бошанд. Онҳо дар Арабистон ба тиҷорат машғуланд. Ду писари дигарам дар Русия қарор доранд. Хулоса, 8 фарзандро бо умед калон карда, имрӯз ҳамроҳи кампирам дида ба дар дӯхта менишинем. 28 сол дар мактаби миёна омӯзгори фанни забон ва адабиёт будам, вале намедонистам, ки ба сари ман чунин рӯзҳои сангин меояд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз ҷониби мақомоти амнияти ноҳия дар Донишгоҳи исломии “Ал-Мадина-ал — Мунаввара” таҳсил карда истодани фарзандони Мулло қайд карда шудааст. Мулло исрор медорад, ки ҳамагӣ як шогирди вай дар Сурия қарор дорад, аммо масъули мақомоти амнияти ноҳия  ному насаб ва дар кадом давлатҳои ҷангзада қарор доштани беш аз 20 нафарро пешкаш карданд.

Фарзона Муродӣ,

Хуҷанд-Ашт-Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *