Мафия дар Бадахшон

 Кӣ мехоҳад мардуми вилоятро заҳролуд кунад?

Се ҳазор сокинони вилояти Бадахшон бо дард ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» нома фиристоданд.

Давлати   соҳибистиқлоли Тоҷикистон  ба  мақсади таъмини тарзи  ҳаёти солими шаҳрвандон дар  кишварамон ба муқобили муомилоти ғайриқонунии спирти пастсифати этилӣ муборизаи беамон эълон намуда, дар ин самти фаъолият ба  муваффақиятҳои бузург ноил гардид. Талошҳои  мақомоти қудратии кишвар дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа дар   мубориза бо ин намуди  ҷиноят  натиҷабахшанд ва мо- сокинони шаҳри Хоруғ идомаи  муборизи шадид ба муқобили қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии мухаддаротро дар ҳар ҳар шакли зуҳуроти он  ҳаматарафа дастгирӣ мекунем.

  Вале мо — сокинони шаҳри Хоруғ аз он нигаронем, ки агарчанде  бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  ба партовгоҳи маводи истеъмолии пастсифат, бахусус фурӯши маҳсулоти спиртии ғайристандартӣ табдил ёфта, таъсири манфӣ аз истеъмолашон    ба саломатии мардум аз маводи мухаддир  камтар нест, аммо  талошҳои мақомоти марбута ва аҳли ҷомеа ба мақсади пешгирӣ аз вуруди чунин маводи истеъмолӣ ва нӯшокиҳои спиртии ғайристандартӣ  ба ҳудуди вилоят то ба ҳол натиҷаи мусбат  надодаанд.

   Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон дар  Паёми  хеш ба  Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки: «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Вале  ҳолатҳои  аз  ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу  васила ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасад, ки ба саломатии шаҳрвандон зараовар аст»  ва  таваҷҷуҳи    идораҳои давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва дигар мақомоти марбутаро ба ҳалли ин мушкилот бори дигар равона сохт.

 Мо — сокинони шаҳри Хоруғ бо мақсади амалӣ намудани ҳидоятҳои Роҳбари давлат бо  имзои 3 ҳазор сокинони 18 маҳаллаи шаҳр ба унвони  раиси ВМКБ дар хусуси манъи фурӯши  машруботи  пастсифат  дар ҳудуди шаҳр муроҷиатнома ирсол намудем. Вале гурӯҳҳое, ки аз фурӯши машруботи спиртии  пастсифат даромад ба даст меоранд, ин талошҳои қонунии аҳли  ҷомеаро  барои ҷилавгирӣ   аз  оқибатҳои харобиовари истеъмоли машруботи  спиртии ғайристандартӣ, ки ба ҳодисаҳои марги  истеъмолкунандагон ҳам сабаб шудааст, ба тарзи дигар маънидод намуда, изҳор доштанд, ки манъи фурӯши машрубот саллоҳияти сохторҳои марбутаи мақомоти  маҳаллӣ аст ва бо ин роҳ мехостанд,   ҷомеаи шаҳрвандиро бо  мақомоти  маҳаллии шаҳру вилоят муқобил гузоранд. Вале чун мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ   ва вилоят пас аз омӯзиши масъала муроҷиатномаи сокинони шаҳрро, ки  аз ҳидоятҳои Сарвари кишвар бармеоянд,  пурра дастгирӣ намуда, гурӯҳи манфиатҷӯ аз фурӯши машруботи пастсифати спиртӣ акнун  кӯшиш менамояд, ки ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба Ҳукумати марказии кишвар муқобил гузоранд ва овоза паҳн менамоянд, ки манъи фурӯши машруботи спиртӣ дар кишвари  демократӣ амали ғайриқонунӣ аст.

 Ҳол он ки дар  муроҷиатномаи сокинони шаҳр, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ҳам дастгирӣ ёфт, сухан на дар бораи манъи фурӯш, балки   манъи  фурӯши машруботи спиртии пастсифат меравад, ки  дар ҳаҷми зиёд ва бе  назорат бо ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят  дохил мешавад ва ба саломатии истеъмолкунандагон зарари ҷуброннопазир мерасонад. Айни ҳол дар шаҳр 15 нуқтаи расмии фурӯши машруботи спиртӣ боқӣ мондаанд, вале ба ҳеҷ кас пӯшида нест,  ки аксарашон  ба далели иҷозатнома   доштан ҳоло ҳам фурӯши машруботи спиртии ба саломатии инсон хатарнокро идома медиҳанд. Бар асоси қонунҳои кишвар   нуқтаҳои фурӯши машруботи спиртии ғайристандартӣ бояд баста шаванд, вале  тавре ба назар мерасад,  идораҳои салоҳиятдори мақомоти шаҳрдорӣ ва вилоятӣ дар иҷрои  ваколатҳояшон оҷизӣ мекашанд ва  собитқадам нестанд. Аз ин рӯ, ба мақсади таҳкими қонуният дар фазои бозори истеъмолӣ талаб менамоем, ки  идораҳои санитариву фитосанитарӣ ва стандартизатсия бояд дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеи шаҳрвандӣ тафтиши нуқтаҳои фурӯши машруботро дар шаҳр  пурзӯр намуда, дар ҳолати ошкор  шудани  қонуншиканӣ ва такроран содир шудани он санадҳо  тартиб дода,   дар асоси санадҳо барои бастани нуқтаҳои фурӯш ба суд муроҷиат намоянд.

 Ин тадбир имкон медиҳад, ки дар асоси қонун нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти спиртии пастсифат  баста, шумораашон  боз ҳам кам карда шавад. Бо кам шудани шумораи нуқтаҳои  фурӯши машрубот сохторҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон доранд, ки бо таъсири    чорабиниҳои  ҳуқуқӣ ва  фаҳмондадиҳӣ шаҳрро аз   фурӯши нуқтаҳои машрубот тоза намуда,  онҳоро ба бозори канори шаҳр кӯчонад. Умед дорем, ки бо  густариши тарғиби тарзи ҳаёти солим насли ҷавон пурра аз истеъмоли машрубот даст мекашад ва ба нуқтаҳои фурӯши машрубот ҳоҷат боқӣ намемонад.

 Дар Федератсияи Россия барои  шикастани қабурғаи мафияе, ки аз фурӯши маҳсулоти спиртии ғайристандартӣ даромади муфт ба даст меовард, солҳои дарози мубориза лозим омад ва он натиҷаи ҳамкории самарабахши   ҷомеаи шаҳрвандии  кишвар бо давлат буд. Акнун харидори машруботи спиртӣ имконият дорад аз рӯйи рақами барориш  ҳатто   мустақиман бо истифода аз интернети телефони дастӣ дар худи  нуқтаи фурӯш маълумот гирад, ки оё ин машрубот худсохт аст ва ё он дар корхона тибқи талаботи меъёрҳои стандартӣ истеҳсол шудааст.

Вале дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дида  мешавад, ки мафияи фурӯши машруботи пастсифат дар Тоҷикистон зинда аст ва баръакс бозораш аз фурӯши маҳсулоти ба саломатии инсонҳо зараровар рӯз ба рӯз гармтар мешаваду касе нест, ки пеши ин ҷинояти мудҳишро, ки ба тира шудани хирад ва  марги инсонҳо меорад,   гирад. Дар  ҳоле ки  дар пардохти маоши кормандони идораву муассисаҳо ва нафақа мушкилот вуҷуд дошта, буҷаи давлат ба даромади иловагӣ ниёз дорад, вақти он расидааст, ки истеҳсоли машруботи спиртӣ дар Тоҷикистон  пурра монополияи давлат эълон шавад. Ин имкон медиҳад, ки аз  вуруди машруботи пастсифат ба бозорҳои кишвар ҷилавгирӣ шуда, даромад аз фурӯши машруботи стандартӣ  ба буҷаи давлат дарояд. Машруботи пастсифат ва ғайристандартӣ бояд дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бечунучаро аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор мусодира ва нобуд карда шавад.

Мо сокинони Хоруғ соҳибкорону тоҷиронро ба инсофу виҷдону имон даъват мекунем ва боварӣ дорем, ки сохторҳои салоҳиятдори давлатӣ ба ҷойи пуштибонӣ ва ҳамдастӣ бо ин гурӯҳи хавфноки ҷинояткори  фурӯши машруботи  ғайристандартӣ, ки аз маркази ҷумҳурӣ то шаҳру ноҳияҳо чун тори анкабут  реша давондааст,  муборизаро барои  ошкор  ва мусодира намудану нобуд сохтани   маҳсулоти ба саломатӣ зараровар вусъат мебахшанд ва омодаем, ки   дар решакан намудани ин ҷинояти мудҳиш  бо сохторҳои давлатӣ ҳамкории самарабахшро  густариш  диҳем.

Т. Султонов,

Ф. Иргашов,

М. Додихудоев,

Чоршанбиев,

Насратшоев,

М.Аёмбеков,

М. Раҳмонов,

Н. Фозилов,

Ф. Сабзалиев,

А. Толибов,

Т. Мулкамонов,

С. Худобахшов,

О. Рашидбеков,

Н. Ёрмамадов,

Гафуров,

С. Шобеков,

Д. Каримов,

Р. Акрамов, дар  маҷмӯъ 3 000 нафар.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *