Магали Тодуа — гурҷии ошиқ ба адабиёти форсӣ

Магали Тодуа (1927-2016) аз зумраи эроншиносони баному барҷастаи гурҷӣ аст, ки ба зодрӯзаш имсол 95-и пур шуд. Ҷусторҳояш, асарҳояш хориҷ аз Гурҷистон ва собиқ шӯравӣ баробари корҳои дигар аз ховаршиносони гурҷие мисли Юстин Абуладзе, Давид Кобидзе, Ҷамшед Гиунашвили, Александр Гвахария ва дигарон шуҳрат доранд.

Магали Тодуа ба ҳақиқат дар матншиносӣ ва таҳияи осори бузургони адабиёти форсии тоҷикӣ нуфуз ва эътибори хос дошт. Эроншиносони ба номи ҷаҳонӣ ӯро чун таҳиягари мумтози “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мешиносанд, ки дар таҳияи матни ин шоҳасари миллии форсии тоҷикӣ саҳми беандоза гузоштааст. Ҳанӯз соли 1959 чанд лаҳза аз бахшҳои мифологӣ ва қаҳрамонии “Шоҳнома” (таърихи Кова, набарди Суҳроб, Гударз ва Пирон), ҳамзамон зиндагии Маздак аз бахши таърихии ин асарро ба нашр расонидааст. Тодуа ҳамчунин бахши “Ҳаҷв андар Султон Маҳмуд”-ро низ ба зевари табъ оростааст.

Соли 1992 бо саъю эҳтимоми Магали Тодуа тарҷумаи мухтасари насрии тамоми матни “Шоҳнома” ба забони гурҷӣ нашр шудааст. Ба забони гурҷӣ ҳамчунин тарҷумаи ба истилоҳ илмии (“научный перевод”) осори Фирдавсӣ, ки гуруҳи тарҷумонон — Магали Тодуа, Александр Гваҳария, И. Каладзе, Л. Тушишвили, Н. Бартаия анҷом додаанд, мавҷуд аст, аммо мутаассифона, ин кор ба нашр нарасидааст.

Ин баёнгари он аст, ки эроншиносони гурҷӣ танҳо ба пажуҳиши нусхаҳои гурҷии “Шоҳнома” маҳдуд нашуда, бархе аз онон дар пажуҳиши муаммоҳои умдаи достонҳои “Шоҳнома” низ шуғл варзидаанд. Дар ин замина китоби Магали Тодуа бахшида ба Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ арзиши назаррас дорад (1995).

Ба хулосаи Магали Тодуа баҳрамандии гурҷиён аз осори классикони адабиёти форсии садаҳои Х-Х11 ба омезиши тамаддуни ду қаламрав — Эрону Қафқоз мусоидат карданд ва дар марҳалаҳои аввал адабиёти хаттии дунявӣ дар Гурҷистон ба таҷаддуди аз пештара нерӯмандтари равобити адабӣ бо Эрон оварда расониданд. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ манбаи беинтиҳои баҳрамандӣ на танҳо барои адабиёт, балки барои эҷодиёти шифоҳӣ гардид. 

Магали Тодуа аз матншиносони варзидае буда, ки солҳои 60-уми асри ХХ ҳамроҳи Александр Гваҳария сари таҳияи матни илмӣ-интиқодии достони Фахруддини Гургонӣ “Вис ва Ромин” меҳнати сахте кардааст. Маҳсули ин заҳмат, аввалан, соли 1962 дар Эрон бо шарҳу луғот ва қиёсу муқобала нашр гардид. Сипас матни форсии академии “Вис ва Ромин” якҷо бо нусхаҳои дигар соли 1970 дар Теҳрон дубора ба табъ расид.

Аз донишмандони тоҷик бештар аз ҳама Камол Айнӣ хоса дар таҳқиқи матншиносӣ ва таҳияи мутуни адабиёти классикии форсии тоҷикӣ — матни илмиву интиқодии «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Зайниддини Восифӣ дар ду ҷилд (Теҳрон, 1971, 1972) ва «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ (Теҳрон, 1971) бо уламои шарқшиноси гурҷӣ Магали Тодуа, Александр Гваҳария, ҳамзамон Г. В. Тсеретели ҳамкории илмӣ доштааст.

Субҳони АЪЗАМЗОД, адабиётшинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *