Магар афғонҳо ҳиллаи убур сарҳади Ӯзбекистонро ёфтанд?

Ба шаҳрвандони Афғонистон дар сурате иҷозаи убури сарҳади Ӯзбекистон дода мешавад, агар чиптаи парвоз ба кишварҳои сеюмро дошта бошанд, аммо на ҳама бо ин чиптаҳо парвоз мекунанд.

Эҳтимол аст, ки дар Тирмиз ва дигар минтақаҳои Ӯзбекистон шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд, ки бо баҳонаи парвоз ба кишвари дигар марзи Ӯзбекистону Афғонистонро убур мекунанд.

Ҳоло мошинҳои боркаш ва сабукрав, аз ҷумла худравҳои дорои рақамҳои афғонӣ метавонанд ба Ӯзбекистон ва ба самти муқобил ҳаракат кунанд.
Мошинҳои дорои нишонаҳои зард ба онҳое тааллуқ доранд, ки дар Ӯзбекистон иҷозати иқомат доранд — онҳо метавонанд озодона ба ин тараф гузаранд.
Ин ҳолатҳои убури сарҳад бисёр шудааст. Ин шаҳрвандон метавонанд дар Тирмиз манзил иҷора гиранд ё ба дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ раванд.

Манбаъ инчунин мавҷи нави гурезаҳоро пешгӯӣ мекунад, зеро сарфи назар аз ваъдаҳои Толибон*, на ҳама шаҳрвандони Афғонистон сиёсат ва идеологияи гурӯҳи радикалиро қабул доранд.

Пас аз он ки Толибон * дар Афғонистон қудратро ишғол карданд, ин кишвар ба фиристодани хориҷиён ва паноҳандагон тавассути фурудгоҳи Кобул шурӯъ кард.
Русия ҳамчунин омодагии худро барои кумак дар ин раванд эълом кард. Айни ҳол терминали фурудгоҳи Тошканд-3 барои қабул ва фиристодани ҳавопаймоҳо ба кишварҳои сеюм муваққатан баста аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *