Магар атлас танҳо матоъи занона аст?

Владимир Глухов, рассоми руси зодаи Тоҷикистон бо як куртаи мардона аз матои атлас акс гирифтааст. Қаблан як корхонаи абрешими Узбекистон либосҳои мардона аз атласу адрасро ба фурӯш бароварда буд.

Владимир Глухов, як рассоми маъруфи зодаи Тоҷикистон, ки ҳоло дар вилояти Тюмени Русия ба сар мебарад, як акси наваш бо куртаи мардона аз матои атласро нашр кардааст.

Дар аксе ки Владимир Глухов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст, ӯ дар тан пироҳани мардонаи тугмадор аз матои атлас бо гиребони сиёҳ дорад.

Дар баҳси зери ин акс бархе ба ӯ офарин хондаанд, ки дар Русия низ рангҳову матоъҳои тоҷикиро таблиғу ташвиқ мекунад. Аммо гурӯҳи дигар навиштаанд, ки атлас моле барои либоси мардон нест. Илвира Нуритдинова гуфтааст, атлас «барои пироҳани мардона рангубори беш аз ҳад дорад.” Ба ақидаи Рустам Гулов, «либоси занона бояд занона монаду либоси мардона — мардона!

Бисёриҳо аз рассоми маъруфи зодати Тоҷикистон хостаанд, ки ин либосро дигар ба бар накунад, то «мабодо байни баъзе бачаҳо муд шавад.”

Ҷолиб он аст,ки аксари корбарон ба фарқ аз баҳсҳои қаблӣ рӯи чунин масоил дар мавриди пироҳани атласи ин рассоми шинохтаи зодаи Тоҷикистон хеле бо эҳтиром ба шахси ӯ ва бидуни таҳқиру фаҳшгӯӣ изҳори назар кардаанд.

Атласу адрас — ду навъи ҳамеша пурхаридори матоъ дар Осиёи Марказӣ — дар зеҳни мардуми мо матои сирф занона дониста мешаванд.

Вале ахиран корхонаи абрешими «Ёдгорлик” аз шаҳри Марғелони вилояти Фарғонаи Узбекистон куртаҳои мардона аз ин матои маҳбуби занонро низ ба фурӯш баровард. Марғилон, ки дар ҳамагӣ 9-километрии шаҳри Фарғона ҷойгир шудааст, як пойтахти асосии атласу адрас дар минтақа ба шумор меравад ва маъмулан анвои муди атласу адрас аз Марғелон бармехезанд.

P/S  Хонандагони мӯҳтарам,интизори ақидаҳои шумоем

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *