Магар дар ТВ марг нест?
Чаро намегӯем, ки “имрӯз дар синни фалон директори театри Лоҳутӣ Исо Абдурашидов тарки дунё кард, модари театри тоҷик Мушаррафа Қосимова дар синни 102- солагӣ аз олам рафт, собиқ директори нашриёти “Адиб” Фарҳод Каримов дигар бар байни мо нест…” ва ғайраву ва дигарон. Чаро? Ин падидаи “бехабарӣ” танҳо хоси ТВ -ҳои мост.
Аз ҷинси одамӣ дар ин ҷаҳон касе абадӣ нест ва ин формулаест, ки исбот намехоҳад (аксиома). Пас, чӣ ҳоҷат аст, ки дар ин бора ҳарф назанему аз марги нафаре мардумро огоҳ накунем?
Не, албатта ҳарф мезанем, вале танҳо дар байни худ, аҳён- аҳён дар газета ва ҳеҷ гоҳ дар телевизион. Намегӯем, ки “имрӯз дар синни фалон директори театри Лоҳутӣ Исо Абдурашидов тарки дунё кард, модари театри тоҷик Мушаррафа Қосимова дар синни 102- солагӣ аз олам рафт, собиқ директори нашриёти “Адиб” Фарҳод Каримов дигар бар байни мо нест…” ва ғайраву ва дигарон. Чаро? Ин падидаи “бехабарӣ” танҳо хоси ТВ -ҳои мост. Чаро мо дар ҳама кор аз Русия пайравӣ мекунему аммо дар ин маврид аз “шарики стратегӣ” ибрат намегирем?
“Имрӯз фалон актёр, нависанда, сиёсатмадор…аз олам гузашт. Ӯ фалон- фалон корҳоро карда буд. Президент (ҳадди аққал, сарвазир) ба оилаи марҳум таъзия баён намуд” –чунин мешавад сархати хабарҳои муҳими рӯз дар ТВ-ҳои ин кишвар пас аз марги нафаре,ки ӯро одамон мешинохтанд. Ҳатто марги “пирамидасози” машҳур Сергей Мавроди дар телевизиони № 1 Русия, тариқи Шабакаи аввал ба бинандагон дар соатҳои аввалини вафоташ эълон карда шуд ва дар бораи “фаъолияташ” маълумоти муфассал низ пешниҳод гардид. Мо аз чӣ меҳаросем? Аз омадани марг ё аз гуфтани марг?
Магар аз чизе, ки бояд ҳатман рух диҳад, ҳазар кардан маънои тарсончакиро надорад? ТВ манбаи ахбор аст ва марги ин ё он шахсият низ хабар аст. Мегӯянд, ки “хабари бад чор по дорад” ва ҳатман ҳамон бинандае, ки телевизионро тамошо мекунад, аз дигар манбаъҳо ин хабари нохушро мешунаваду ҳайрон мешавад, ки чаро дар ин бора телевизион нагуфт? Ҳатто, дар замон Шӯравӣ, ки онро барои сензураи сахташ ҳама мазаммат мекунанд, дар бораи даргузашти ягон нафари шинохта дар соатҳои аввалини маргаш хабар пахш мегпардид.
Гузашта аз ин, матни сӯгвории аъзоёни ҳукумат ва аъзоёни Бюрои сиёсии КПСС дар саҳифаи аввали нашрияҳо чоп мегардид ва аз тариқи ТВ намоиш дода мешуд. Аммо ҳоло аз додани ҳатто як хабараки кутоҳе дар бораи марги ин ё он нафар, ки характери иттилоотӣ дорад, ҳазар мекунем. Магар дар ТВ марг нест?
А. АҲМАДЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ