Магар Русияву Чин бо Толибонанд? Ё худ чаро онҳо ба Душанбе намеоянд?!

Далели асосии карантини раисиҷумҳури Русия иртибот доштани ӯ бо гирифторони коронавирус эълон шуд

Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки чаро Владимир Путин сафараш ба Душанберо қатъ кард.

Ба гуфтаи Песков, Путин намехоҳад саломатии шариконашро зери хатар гузорад.

«Амалан президент нафари иртиботдошта бо шахси бемор ҳисоб мешавад ва бояд дар зимни мавзеъгирӣ масъулият дошта бошад. Набояд саломатии шарикони худ — иштирокдорони ҳамоишҳои Душанберо зери хатар гузорад», — изҳор дошт Песков.

Инчунин гуфта мешавад, раисиҷумҳури Сурия Башор Асад нафари бемор набудааст, ки Путин бо ӯ иртибот доштааст.

Дар ҳамин ҳол Песков афзуд, ки Владимир Путин фавран пас аз тамос бо нафароне, ки маризи коронавирус буданд, аз ташхис гузашт ва натиҷаи ташхис манфӣ баромад.

«Ӯ куллан сиҳҳату саломат аст», — таъкид намуд сухангӯи Путин.

Феълан маълум нест, ки маризоне, ки раисҷумҳур бо онҳо иртибот доштааст, хешовандон, муҳофизони ӯ, кормандони хадамоти протоколӣ будаанд ё нафарони дигар.

Қаблан иштироки Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД рӯзҳои 16 — 17 сентябр дар назар буд. Аммо Кремл эълон кард, ки ба далели қарантин Путин дар ҳамоишҳои Душанбе аз тариқи видеоконфронс иштирок хоҳад кард.

Кош бемори асос дошта бошаду ба ҷони ӯ хатаре таҳдид накунад. Аммо иддае аз коршиносон бар онанд, ки Путин дар чунин як вазъияти басо буғранҷи Афғонистон дидаву дониста худро ба бемори задаву аз ширкат дар ин ҷаласа худорӣ кардааст. Чун Русия ва Чин ҳарду намехоҳанд муносиботи худро бо Толибон сард намоянд. Ин ду абарқудрат аз чи боис бошад, ки майл ба Толибон намудаву нармрафториро пеша кардаанд. Аммо ин амли онҳо хилофи аҳдномаҳои байнииттиҳодӣ буда, нимароҳ гузоштани ҳампаймонҳои худ мебошад. Мо чунин паймоншиканиҳоро борҳо дидаем, ки Русия рафиқони стратегии худро нимароҳ монда, аз онҳо рӯ гардонидааст. Мисоли равшанаш Ироқ  мебошад! Кош дар ин миён, ин назар носолим бошаду паймонҳо пурқуввату халалнопазир бошанд!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *