Магар сирри ақибмондагии мо дар шеър аст?
“Олами ғарб ба илмҳои дақиқ рӯ овардааст, аммо мо мардуми фарҳангдӯст, суханро бо шеър оғоз мекунем, вале то ҳол ақибмондаем, бояд мисли ғарб бештар ба дигар илмҳо рӯ орем.»-мегӯянд бархе. Воқеан, оё сирри ақибмондгии мо тоҷикон дар шеър аст?
«Гулистон»-у «Бӯстон», ки ҳатто амрикоиҳову олмониҳову ҷопониҳо онро барои худ тарҷума карда мехонанд, гӯё миллати тоҷик онро аз хондан тикка кардааст, аз ин хотир бояд чизҳои дигар хонад.
Хуб аст, ки устоде, мутафаккире, шахсияти сиёсие мардумро ба хондани дилхоҳ илме ташвиқ намояд, аммо агар ин ташвиқ омехта, бо даъват ба тарки навъи дигар илме бошад, ҷои аҷаб аст.
Илм, ки характери такомулӣ дорад на тазод, чаро як навъи онро иллати заъфу забунии дигар донем?!
Рушд намудани илми биология (масалан) сабаб барои рушд накардани илми физика ё иқтисод нест, балки айби тахаллуфи соҳаи иқтисоду физикаро дар чизҳои мантиқитаре, чун маориф, Академияи улум ва ё дар намояндагони ин соҳаи илм бояд ҷуст, на дар пешрафти кадом як илми дигаре.
Ин ки мо дар соҳаи риёзиёт рушд накардаем, айб дар ин нест, ки дар хонаҳоямон “Гулистон”-и Саъдӣ ва ё девониҲофиз дорему шеърдон ҳастем ва маҳфилҳои шеър баргузор менамоем, балки сирри ин тахаллуф дар беҳунарии касони дигараст, ки бояд ин соҳаи муҳими илмро пешсаф менамуданд, то миллат бо шеърдониаш низ ҳисобдону ихтирогар мешуд.
Магар Президенти Чин дар суханрониаш дар Душанбе байти Рӯдакиро нахонда буд?!
Чаро шеърдонӣ Чинро кишвари ақибмонда накардаасту моро чунин мекардааст?! Яқинан сабаби ақибмондагиамон на дар шеъру шеърдӯстист, балки он иллатҳои дигари мантиқӣ дорад, вале тавони дидани онро надорему айбро ба осонӣ дар шеър таҳмил менамоем.
Ин ҳоли донишҷӯён аст, ҳоли умуми мардум чист ҷавоб маълум аст.
Асре қабл ғарбиён аз динашон рӯ гардонида буданд, то пешрафт намоянд (дини онҳо, ки воқеан зидди илм буд ва шарти пешрафт ин буд, ки аз он даст кашанд) магар мо низ бояд чунин намоем, агар пешрафт мехоҳем?!
Вақто дар нухбагони мо аққалияти табаъияти дигарон мавҷуд аст, чӣ гуна миллат дар ҳувияташ зарба набинад?!
Магар шеър меросӣ адабӣ, ахлоқӣ ва захираи луғавии миллат нест?!
Магар пешрафт дар риёзиёту кимиё…моро аз одобу ахлоқе, ки дар шеърамон мавҷуд аст метавонад бениёз гардонад?!
Ин ҳама суолҳо дар суратест, ки ғарб дар ҳақиқат ба шеър таваҷҷуҳ надошта бошад, аммо агар андак аз олами ғарб ва омори фурӯшу хониши китобро дар онҳо медонистем, ҳаргиз чунин ҳарфи носанҷидае намегуфтем.
Дар ғарбу Амрико солона садҳо ҳазор на, балки миллионҳо нусха китоб бо шумули шеъру роман ба чоп баромада фурӯхта мешавад.
Хонанда агар хоҳад, аз кордоне пурсад, кикитобҳо дар мо чанд нусха чоп мешаванд ва чанди он дар дӯконҳо солҳо мехобад.
Ҳеҷ монеае нест, балки бояд чунин бошад, ки дар ҷомеа ҳам шоирон бошанду ҳам физикдонон, ҳам адибон бошанду ҳам иқтисодчиён. Кори равоншиносро химик ва кори муаллимро табиб анҷом дода наметавонад. Ҷомеаи солим ҳамонест, дар он тавозун бошад, мегӯянд ҷомеашиносон.
Агар физику химик, иқтисодчиву қонундон, ҷомешиносу равонишинос аз фарҳангу аз адабиёт огаҳӣ надошта бошад, дар ҳунарашон ноқис маҳсубанд.
Ҳар кадоме аз мо ба ин ҳолат рӯ ба рӯ гаштаем, вақто аз роҳбаре, аз табибе, аз тоҷире як мисраъ шеър мешунавем, дар чашми мо муҳтараму азиз ва шахси аз одобу ахлоқ огаҳ муаррифӣ мегардад.
Дар қадим низ Ҳазарати Умар (р), ки даврони ҳокимияти ӯ асри бунёди давлати абарқудрат буд, ба шеъру шеърдонӣ тавсия намуда фармуда буд:
“Эй мардум шеър ҳифз кунед, зеро шеър девони араб аст”.
Бо он ҳама машғулият, идораи давлат, тараққӣ бахшидани ҳама соҳаҳои кишвар Умар (р) вақт ёфта, ба адабиёту шеър назар мекарданд.
Луғатдони машҳур имом Асмаъӣ (р) дар бораи Умар (р) гуфтааст: “Ҳеҷ тасмиме дар идораи давлат намегирифт, магар, ки дар бораи он байти шеъре мегуфт.”
Миллати тоҷик дар муқоиса бо дигар мардумон хеле кам китоб мехонанд, магар ҷои дилсард намудани мардум аз адабиёту фарҳангу шеър беҳтар нест, ба онон бигӯем: Бо илмҳои дақиқ шеърро низ бихонед, зеро дар шеър одобу ахлоқ аст ва инсон то дар одобу ахлоқ пешрафта набошад, ҳеҷ гоҳ ӯро шахси мутараққӣ гуфта намешавад.
Иброҳими Садриддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ