Магистрант лоиҳаи осорхонаи Темурмаликро сохт
Магистранти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи бинои Осорхонаи кишваршиносии таърихии Темурмалик дар соҳили чапи Сирро омода кардааст. Абдуфаттоҳ Қайюмов муаллифи лоиҳа гуфт, осоронаи Темурмалик аз се қисм хизматрасонӣ, намоишӣ ва маъмурӣ иборат аст. Магистрант мегӯяд, ӯ дар дохили лоиҳаи осорхонаи кишваршиносии таърихӣ муҷассамаи Темурмалик, қаҳрамони халқи тоҷикро ҷой кардааст.
Ин ягона лоиҳаи бузурги дипломии Абдуфаттоҳ маҳсуб мешавад. Вале он ба ҷузъ аз Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба дигар ҷой пешниҳод нашудааст.
Фарзона
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ