Магнитогорск: Муҳоҷири ӯзбек 8 нафарро наҷот дод
Алан Абдуллоев, муҳоҷири 23-сола аз Ӯзбекистон дар Магнитогорски Русия то омадани дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳашт одамро аз зери харобаҳои бинои истиқоматӣ наҷот дод. Расонаҳои Русия аз ӯ ба унвони «қаҳрамони воқеӣ» ном мебаранд.
Абдуллоев, ки дар яке аз сохтмонҳои Магнитогорск кор мекард, субҳи 31 декабр барои адои намоз бархост ва бо шунидани садои таркиш ба кӯча баромад.
«Барои намоз бархоста будам. Садои таркишро шунидам. Фавран либос пӯшидам. Онҷо одамон истода буданд — касе наздик намешуд. Занеро ҳамроҳи кӯдакаш берун овардам. Баъдан боло рафтам. Тақрибан баъди 20-25 дақиқа кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода омаданд. Вақте онҳо омаданд, ман нишон додам, ки одамон дар куҷои харобаҳо ҳастанд», — нақл кард муҳоҷири ӯзбекистонӣ ба расонаҳо.
Вай то кунун ба назди бинои тахрибшуда меояд ва дар бартараф кардани харобаҳо ёрӣ мерасонад.
Субҳи 31 декабр дар яке аз даҳлезҳои бинои истиқоматии 10-ошёна дар Магнитогорск дар пайи таркиш чанд хона фурӯ рехт. Ба иттилои мақомот, 35 манзил комилан ва 10 манзили дигар қисман фурӯ рехтаанд. Аз зери харобаҳо ҷасади 39 одам пайдо шуд. Наҷотдиҳандагон амалиёти наҷотро қатъ карданд. Дар маҷмуъ дар ин хонаҳо 110 одам сабти ном шуда буд.
Кумитаи тафтишотии Русия хабар дод, ки таркиш аз газ рух додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ