Махсулоти Узбекистон дар Душанбе намоиш дода мешавад
Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Тошканд, рӯзи 3 феврал бо мақомоти Вазорати умури хориҷии Узбекистон вазъи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардааст.
Вебсайти Вазорати умури хориҷии Узбекистон рӯзи 4 феврал навишт, дар ин нишаст «иҷрои тавофуқоти байни Узбекистону Тоҷикистон баррасӣ шуд, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ дар Душанбе ба даст омад».Дар ин мулоқот омодагӣ ба музокираҳои нав низ баррасӣ гардидааст, вале ҷузъиёти аз ин бештар дастрас нест. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ надодааст.Аммо дар ҳамин ҳол, Утоқи савдо ва саноати Тоҷикистон эълон кард, ки намоишгоҳи нахустини маҳсулоти саноатии Узбекистон дар Душанбе охири моҳи марти имсол баргузор хоҳад шуд. Як манбаи Утоқи савдо ва саноат гуфт, дар ин маврид мақомоти ду тараф дар охири моҳи январ ба созиш расидаанд. Баргузории ин намоишгоҳ як бахши ҳосили нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон дар охири моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе гуфта мешавад.Узбекистону Тоҷикистон аз ҳамсояҳои наздик ва девор ба девор буда, аммо тайи беш аз бист соли гузашта бо якдигар дар масъалаи равуо, марз, хатти парвоз, роҳи оҳану интиқоли барқ ва обу сохтимони нерӯгоҳҳо мушкил доштанд. Баъд аз марги Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон, муносибати ду ҳамсоя ба марҳилаи нав ворид шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ