Маскав дигар НАТО надорад

Сергей Лавров, роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия аз иқдомоти сахти Маскавро барои ихроҷи дипломатҳо хабар дод

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки дар натиҷаи иқдомҳои ҳадафмандонаи НАТО, Русия амалан шароити муносиби фаъолияти ибтидоии дипломатиро надорад.

«Дар посух ба амалҳои НАТО мо кори намояндагии доимии худро бозмедорем. Фаъолияти намояндагии иртиботии низомии НАТО дар Маскавро қатъ мекунем. Аккредитатсияи кормандони он аз 1 ноябр бозхонд карда мешавад», — гуфт Лавров.

Ҳамзамон дафтари иттилоотии НАТО дар Маскав низ баста мешавад.

«Агар аъзои НАТО ягон масъалаи таъхирнопазир дошта бошанд, метавонанд бо сафири мо дар Белгия дар ин бора тамос гиранд», — илова намуд роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Лавров қайд кард, ки Котиботи НАТО аз ин тасмим огоҳ карда шудааст ва изҳороти дахлдори Вазорати корҳои хориҷӣ дертар нашр хоҳад шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.