Раис ҷиянашро ба хизмат фиристод…

Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин  ва чанд зердасти ӯ пайвандони худро ба артиш фиристода, аз мардум низ хостаанд, ки монеи ба сарбозӣ рафтани фарзандон нашаванд.

Пештар сокинон шикоят доштанд, ки ба артиши Тоҷикистон асосан фарзандони кишоварзону камбизоатро маҷбурӣ мебаранд, аммо фарзандони шахсони доро ва мансабдор ҷалб намешаванд.

Хешовандони раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Зафар Гулзода, гуфтанд, ӯ бародарзодааш Хайрандеши Бурҳонро, ки тобистони имсол Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кард, ба сарбозӣ фиристод.

«Раис гуфт, ки писарат ба хидмат меравад ва ӯ ҳам қабул кард. Мо ҳама хурсанд будем. Замоне ки писарам дар мошин нишаст, зиқ шудам. Ҳоло дар Душанбе аст, дар Горди миллӣ», — нақл кард Гулсумбӣ Ҳошимова, модари Хайрандеш.

Олим Одиназода, муовини раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва раиси кумисюни даъват ба артиш, рӯзи 19-уми октябр писарашро ба хидмат гусел кард. «Фарзанди дуюмам, Сабзаалии Олим, бо хоҳиши худаш ариза навишта, мехоҳад, дар сафи Қувваҳои мусалаҳ хидмат кунад», — гуфтааст ӯ.

Раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Аскаршоҳ Мирзомадзода, ҳам гуфт, «фарзандам, Муҳаммадбашири Аскаршоҳ, хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ гусел карда истодаам.»

Имсол дар мавсими тирамоҳии даъват ба артиш ҷавонони соли таваллудашон 1994-2003-ро ба хидмати сарбозӣ мефиристанд. Ин маърака 1-уми октябр оғоз ёфт ва то 30-юми ноябр идома мекунад.

Вакилони порлумон ним сол пеш қонунро дар бораи хидмати ҳарбӣ тағйир доданд. Бар асоси он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ҳақ доранд, бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Ба бовари мақомот, ин навъи хидмат барои аз байн бурдани «сарбозшикор» муосидат мекунад  (Озодӣ)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Следите за нами в социальных сетях
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *