Маишати донишҷӯёни пойтахт чӣ гуна аст?

“Ролтон — хӯроки донишҷӯ!”, “Ҳозир пул да ҳами студентай”… Ин ду фикри мухолиф дар ҷомеаи мо ҳамарӯза садо медиҳанд. Воқеан, донишҷӯён чӣ гуна зиндагӣ доранд? Хӯроки рӯзмарраи онҳо чӣ гуна аст? Ба ин саволҳо дар ин матлаб посух ҷустем.

Қурутоб — хӯроки донишҷӯ

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) беш аз 23 300 нафар донишҷӯ дорад, ки аз ин 17 600 нафарашон дар шуъбаи рӯзона таҳсил мекунанд. Дар шаҳраки донишҷӯёни ДМТ якчанд ошхона ба донишҷӯёну омӯзгорон хизмат мерасонанд, ки аз онҳо ошхонаи «Сабз» ва «Ориёно» сермуштариянд. Ба ғайр аз ин, дар поёни ҳар як бинои донишгоҳ нуқтаҳои тезтайёр мавҷуд аст, ки дар танаффусҳо донишҷӯён онҳоро гирд мекунанд.

Муҳаммад Маъруфзода соли сеюм аст, ки дар хобгоҳ меистад. Ӯ ба мо аз ҳаёти донишҷӯии аксар ҳамсолони худ чунин қисса намуд: “Дар як ҳуҷраи хобгоҳ баъзан ду, гоҳе чор ва дар ҳуҷраҳои калон шаш нафар донишҷӯ истиқомат мекунанд. Аксар духтарон барои худ хӯрок мепазанд, вале бештари бачаҳо дар берун мехӯранд. Ман бештар хӯрокҳои тезтайёр, аз қабили хот-дог истеъмол мекунам. Нисфирӯзӣ бештар ҳамроҳи дӯстон ба ошхонаҳои “донишҷӯӣ” меравем ва қурутоб мехӯрем, зеро нархаш дастрас аст”.

Меҳрангез Шамолова аз ноҳияи дурдасти Дарвоз аст, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунад. Ӯ мегӯяд, ки «ҳаёти донишҷӯӣ бо баъзе рӯзҳои ғайричашмдошти худ хотирмон аст. Вагарна, 4 соли таҳсил чӣ гуна мегузарад, намефаҳмед. Мо дар як ҳуҷра 4 нафар зиндагӣ мекунем. Якҷо маблағ ҷамъ карда, маҳсулот мехарем ва бо навбат хӯрок мепазем. Волидон баъзе маҳсулотро аз деҳа мефиристанд. Дар берун бештар хот-дог мехӯрем”.

Хот-доги арзон ва дастрас

Донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгорӣ аз ду — се ошхона ва нуқтаҳои тезтайёри назди биноҳои таълимӣ сарфи ғизо мекунанд. Дар баробари ин, донишҷӯёнеро метавон дид, ки ба тарабхонаҳои «Сафо» ва «Занҷабил» низ мераванд.

Башорат Забирова, донишҷӯи ин донишгоҳ мегӯяд: «Ролтон аз байн рафтааст. Пештар ба мо мегуфтанд, ки ҳоло донишҷӯ шавед, фақат ролтон мехӯред, вале чунин нест. Ба истиснои баъзе рӯзҳо, аслан ролтон намехӯрем. Бештар хот-дог мехӯрем. На он қадар гарон аст, зуд омода мешавад, дар танаффусҳо хӯрда, ба дарсҳо медароем. Дар ошхона низ бештар аз хӯрокҳои тезтайёр мехӯрем, картошкаи бирёну тухму ҳасиб».

Шамсиддин Насриддинзода, донишҷӯи дигари Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки бо дӯстонаш аз дари донишгоҳ берун мешуд, ба саволи мо дарҳол ҷавоб дод, ки «албатта, хот-дог. Тезтайёр, дастрас. Бо дӯстонам бештар хот-дог мехӯрем».

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ низ дар се бинои таълимӣ ошхона дорад. Ба ғайр аз ин нуқтаҳои тезтайёр низ фаъол ҳастанд. Тоҷиддин Раҳмон донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи техникист. Ӯ дар суҳбат бо мо аз аввалин рӯзҳои донишҷӯӣ ёдовар шуд: «Чор сол аст, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам. Бо ҳамутоқҳоям маблағ ҷамъ менамоем ва маҳсулоти якмоҳаро харидорӣ карда, бо навбат хӯрок мепазем. Барои писарон пухтани хӯрок душвор аст, вале дигар илоҷ нест, навбатат ки расид, бояд хӯрок дар соати муайяншуда омода бошад. Ба шарофати интернет аз уҳдаи пухтани ҳама намуд хӯрок баромадан мумкин аст. Дар роҳу донишгоҳ хӯроки дастрасми мо хот-дог аст”.

Зикрулло Тоҷиддинзода — донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ низ мегӯяд, ки бештар хот-дог ва қурутоб мехӯрад.

Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки донишҷӯён бештар майл ба хӯрокҳои тезтайёру саридастӣ доранд. Бо вуҷуди он ки табибон истеъмоли хот-дог ва дигар маҳсулоти тезтайёрро зараровар мегӯянд…

Идибеки САИД, “Тоҷикистон”

P.S. Шакли видеоии матлабро метавонед дар ютубканали pressa.tj пайгирӣ намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *