Майк Пенс: Агар Трамп мебуд…
Майк Пенс, ноиби раисиҷумҳури пешини Амрико гуфтааст, ки маъмурияти Трамп бо вуҷуди имзои созишномаи хурӯҷи неруҳо аз Афғонистон, нисбат ба Байден дар муқобили ба қудрат расидани Толибон амал кардааст.
Вай гуфтааст, ки Толибон бо тасарруфи Мазори Шариф созишномаи Доҳаро нақз кардаанд.
Пенс ба CBS гуфтааст: «Ман инро бо итминони комил мегӯям, ки агар ин ҳукумати мо мебуд, хурӯҷи фалокатбор аз Афғонистон ҳеҷ гоҳ рух намедод. Зеро мо Толибонро ба тавофуқ оварда будем».
Вай афзудааст: “Вақте Толибон тавофуқро нақз карданд ва шаҳри Мазори Шарифро тасарруф намуданд, Ҷо Байден ҳеҷ кори вижае накард. Ин оғози фалокат дар Афғонистон буд”.
Муовини Трамп гуфтааст, ки шуморе аз сарбозони амрикоӣ бояд пас аз анҷоми расмии миссияи Амрико дар Афғонистон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва минтақа боқӣ мемонданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ