Майк Помпео мехоҳад аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан кунад
Котиби давлатии ИМА Майк Помпео тасмим дорад, ҳафтаи равон дар доираи як сафар аз Бритониё, Украина, Белорус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дидан кунад.
Помпео дар Қазоқистон барои «таъйиди сулҳ, шукуфоӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ» бо президент Қосимҷомарт Тоқаев, президенти пешин Нурсултон Назарбоев ва вазири умури хориҷии он кишвар Мухтор Тлеубердӣ дидору гуфтугӯ мекунад.
Котиби давлатии ИМА рӯзҳои 2-3 феврал барои «изҳори ҷонибдории Вашингтон аз ислоҳоти ҷорӣ дар Ӯзбекистон, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ин кишвар» бо президент Шавкат Мирзиёев ва вазири умури хориҷӣ Абдулазиз Комилов мулоқот хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин дар шаҳри Тошканд бо вазирони умури хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон вохӯрда, ҷонибдории ИМА-ро аз рушди Осиёи Марказӣ дар доираи шакли «С5+1» баён мекунад.
Қарор буд, сафари Пампео ба ин кишварҳо аввали моҳи январ сурат гирад, вале ба далели ташаннуҷи авзоъ дар Ховари Миёна ба таъхир афтод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ