Майкл Шумахер: Ронандаи афсонавии ду қарн
Номи ин ронандаи афсонавӣ кайҳо боз вирди забонҳост. Имрӯз ҳар нафаре бо мошин амали ғайриодӣ нишон диҳад, зуд бо ин ронандаи беҳамто қиёсаш мекунанд.
Ҳисоб кардани унвону ҷоизаҳояш вақти зиёд мегирад, танҳо гуфтан кофист, ки ӯ аз соли 1996 то соли 2005 ҷойи аввалро ба касе намедод! Бе муболиға метавон гуфт, ки то ҳол нафаре пайдо нашудааст, ки рекорди ӯро дар пойгаи автомобилӣ такрор карда бошад…
Мошинрони дар 4 — солагӣ
Майкл Шумахер соли 1969 дар шаҳри Ҳурт — Ҳермюлхайми Олмон дар оилаи устои мошин таваллуд шудааст. Падараш Ролф Шумахер устои мошин ва модараш Элизабет дар мактаб муаллима шуда кор мекарданд. Шояд бовар кардан душвор бошад, аммо ин факт ҳақиқат дорад, ки Шумахер дар 4 — солагӣ рондани мошин омӯхту дар 5 — солагӣ бо мошини падар дар шаҳр озодона гаштугузор мекард. Шавқу рағбаташ ба мошину мошинронӣ аз касби падар оғоз ёфт, зеро падараш ҳамарӯза мошин таъмир мекарду Шумахери наврас аз падар пинҳонӣ мошинҳои мизоҷонро дуздида меронд.
Дар баробари мошиндӯстӣ, инчунин ба санъати ҳарбӣ — дзюдо ва каратэ рағбати беаендоза дошт. Ҳанӯз аз 10 — солагӣ Шумахер дар мусобиқаҳои шабонаи мошинрони иштирок карда, ҳамеша якум шуда ба хатти марра мерасид ва ҳамагонро дар ин синну сол ҳайратзада мекард. Ӯ орзу мекард, дар мусобиқаҳои бонуфузи пойгаи мошинҳо иштирок кунад.
Дар 14-солагӣ, вай шаҳодатномаи ронандагӣ гирифт, ки ба ӯ ҳуқуқи дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ баромад карданро фароҳам овард, акнун рӯёҳо ба ҳақиқат павастанд, баъд аз ин майдонҳои бузург ӯро интизор буданд.
Бародарони бомаҳорат
Бародари хурдии Майкл Ралф Шумахер низ ҳаёти худро ба мусобиқаҳои мошинронӣ бахшидааст. Вай фаъолияти худро дар ин самт пас аз 10 соли фаъолияти Майкл оғоз кард ва муваффақ ҳам шуд. Бузургтарин ғалабаи бародарон барои ба даст овардани ҷоизаи “Schumacher Jr” марҳилаи 4-уми ҷоми ҷаҳон дар соли 2001 ба ҳисоб мерафт, ки дар ин мусобиқа Майкл ҷои аввал ва бародараш ҷои дувумро ишғол карда буданд.
Тасхири “Формула 1”
Фаъолияти касбии Майкл Шумахер дар ҷодаи пойгаи автомабилҳо ва ё ба истилоҳ “гонка” аз соли 1984 оғоз ёфтааст. Шурӯъ аз соли 1984 то 1987 Шумахер дар як қатор чемпионатҳои Аврупо ва Олмон иштирок намуда, ҳамвора пирӯз мешуд ва ин пирӯзиҳо диққати ширкатҳои автомабили ба мисли “Мерсадес” ва “Ферари”-ро ба худ ҷалб кард. Ҳамин буд, ки ин ду абарширкатҳои автомобили бо варзишгар шартномаи ҳамкори бастанд ва сарпарастиашро ба уҳда гирифтанд.
Мусобиқаи аввалини варзишгар дар “Формула 1” бомуваффақият анҷом ёфт. Вай ба марҳилаи ҳафтуму мусобиқа дар кӯтоҳтарин вақт расид, ки ин барои як наврас натиҷаи хуб буд.
Дар соли 1996, Майкл Шумахер бо “Феррари” қарордоди дубора имзо кард ва шурӯъ аз ҳамон сол ӯ бо мошинҳои ширкати “Ферари” вориди мусобиқа мешуд. Акнун ғолибиялҳо шурӯъ гардид. Аз оғози соли 1996 то соли 2004 Шумахер дар дилхоҳ мусобиқаҳои “Формула 1” пирӯз мешуд, ки ин рекорд ба ҳеҷ як варзишгарин ин ришта даст надодааст. Ин варзишгари бомаҳорат дар фаъолияти варзишии худ 7 маротиба унвони чемпиониро соҳиб шудааст.
Оғози нокомӣ
Соли 2005 барои Майкл бебарор оғоз ёфт, ӯ дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Боку баргузор гардида буд, ғайричашмдошт бо Ферариаш ҷойи севумро ишғол кард ва ҷойи якуми мусобиқа насиби варзишгари Фаронса Фернандо Алонсо гардид. Акнун Шумахер барои мусобиқаи соли 2006 омодагӣ мегирифт ва пайваста тамрин мекард. Дар соли 2006 низ бахт ба рӯйи варзишгар нахандид, зеро дар ин сол низ рақиби азалиаш — Алонсо унвони чемпиониро моли худ карду ҷойи дувумро ба Шумахер дод. Баъд аз ду бохти ҳангомави варзишгар ба қароре омад, ки тарки “Формула 1” мекунад ва бо ҳамин карераи варзишии худро хотима мебахшад. Ӯ дигар мехост дар ширкати “Ферари” на ба ҳайси варзишгар, балки ба ҳайси як коршинос фаъолият намояд. Дере нагузашта дастаи “Мерседес-Бенс” ба варзишгар шартномаи 3-соларо пешниҳод кард ва ӯ таваккал ба ин пешниҳод розӣ шуд.
Акнун дар рақобатҳои дигар Шумахер пайваста шикаст мехӯрду бо ҷойи дувуму севум қаноат мекард, аммо соли 2010 дар чемпионати ҷаҳон ҷои 9-умро ишғол кард, ки ин натиҷа аз мусобиқаҳои баъди дилсардаш кард ва эҳсос намуд, ки пир шудаасту дигар наметавонад натиҷаи солҳои 2000-умро такрор намояд. Ҳамин буд, ки моҳи октябри соли 2012 расман карераи варзишии худро хотима бахшид.
Ҳаёти осоишта
Баъди рафтан аз варзиш Майкл бо ҳамсараш Корина Бетх ва фарзандонаш Ҷина ва Мария аз Олмон ба Женеваи Шветсария кӯчиданд ва дар ин шаҳри афсонавӣ зиндагии шоҳонаро оғоз намуданд. Сармояи варзишгар дар он замон марзи 1 миллиардро убур карда буд ва барои зиндагонии арзанда кифоягӣ мекард. Инчунин, дар ихтиёри оила тайёраи шахсӣ ва чандин истироҳатгоҳҳои хубу барҳаво дар чанд гӯшаи Аврупо низ мавҷуд буд.
Рӯзи шум
Ҳаёти осоиштаи Майкл Шумахер пас аз хотимаи карераи варзиши ҳамагӣ як сол давом карду халос. Моҳи декабри соли 2013 дар истироҳатгоҳи зимистонаи “Мерибел”-и Австралия варзишгар ҳамроҳи писараш машғули лижаронии кӯҳӣ буданд, ки ногоҳ идораи лижаро аз даст , ба харсанги калон бархӯрд мекунад ва дар натиҷа мағзаш сахт осеб мебинад.
Соли 2014, пас аз курси табобат варзишгарро аз Австралия ба Олмон интиқол медиҳанд ва шурӯъ аз рӯзи садама то соли 2016 ӯ дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт ва танҳо соли 2017 чашмонашро кушод, аммо ҳеҷ аксуламале нишон намедод. Ҳамагӣ чанд моҳ пеш дар Шабакаи “Instagram” сурату наворҳои Шумахер аз беморхона пахш гардид, ки аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш шаҳодат медиҳад.
Тибқи маълумотҳо, табиби шахсии варзишгар ҳангоме, ки ба ӯ дар соли 2019 сурати базаи лижаронии “Мерибели”-ро нишон медиҳанд аз чашмаш ашк ҷорӣ мешавад ва ин омилро табибон фоли нек арзёбӣ кардаанд. Бояд гуфт, ки ба хотири табобати Мейкл оилааш тӯли ин солҳо 16 млн. эвро маблағ сарф кардааст. Дар ҳоли ҳозир бошад, барои табобати ин нобиғаи варзиш 15 табиби касбӣ машғули табобатанд.
Яҳё Маҳмаднабиев,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ