Макав: Муҳоҷирзанро аз тифли яксолааш ҷудо карданд

Пулиси Маскав кӯдаки яксола ва ҳанӯз ширхораи як муҳоҷири ӯзбекро аз дасти модараш гирифтаанд. Нилуфар Мамасаидова 11 рӯз боз талош дорад, духтараш Манижаро баргардонад.

Қазияи Умаралӣ Назаров, кӯдаки ҳаштмоҳаи тоҷик, ки дар соли 2015 дар пайи ҳамроҳи модараш ба пулис афтодан ба таври мармуз вафот кард, зоҳиран ин бор дар Маскав такрор мешавад.

Ҳомии ҳуқуқ Баҳром Исмоилов аз қазияи Манижа, кӯдаки яксолаи шаҳрванди Узбекистон Нилуфар Мамасаидова хабар додааст, ки пулис рӯзи 25 декабр ӯро аз модараш ҷудо кардааст.

Рӯзи 25 декабр дар як меҳмонӣ дар шаҳри Маскав асноди Нилуфар Мамасаидова, аз ҷумла шаҳодатномаи кӯдакашро дуздидаанд. Нилуфар ба шӯъбаи пулиси минтақаи Кунтсево муроҷиат кард, вале тавре Баҳром Исмоилов мегӯяд, аввалин коре ки пулис ба ҷои ҷустуҷӯи дуздон кард, аз дасти модараш гирифтани кӯдак буд. Он ҳам ба далели ин ки Нилуфар Мамасаидова бо худ ҳуҷҷате надорад, то кӯдаки вай будани Манижаро собит кунад.

Пулис ҳамчунин модари кӯдакро барои се рӯз боздошт кардааст ва ӯ аз камераи сарди боздоштгоҳи Кунтсево бо бемории варами шуш берун омадааст.

Манижа алакай 11 рӯз боз дар бахши маризиҳои сироятии бемористони шаҳрии кӯдаконаи рақами як нигоҳ дошта мешавад.

Нилуфар Мамасаидова гуфтааст, ба кормандони пулис батакрор ёдовар шуд, ки ҳуҷҷатҳои онҳоро дуздидаанд. Ӯ ҳатто аксҳои муштаракаш бо Манижаро ба кормандони бахши кор бо ноболиғони пулиси Кунтсево нишон додааст, вале бенатиҷа. Онҳо гуфтаанд, то замоне ки кӯдаки вай будани Манижа муқаррар карда нашавад, ӯро дар бемористон нигоҳ хоҳанд дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *