Макомдорон  кабристонхоро бояд назорат кунанд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо имзои қарори ҳукумат тартиби нигоҳдорӣ ва истифодаи оромгоҳҳоро тасдиқ намуд. 

Бар асоси ин тартиб, мақомдорони маҳаллӣ масъули нигоҳдории оромгоҳҳо таъин шуда, истифодабарии оромгоҳҳо тибқи анъанаю маросимҳои миллӣ ва русуми аққалиятҳое роҳандозӣ мешавад, ки дар Тоҷикистон истиқомат мекунанд.

Ҳукумат қарор кардааст, ки оромгоҳҳо бояд ҳамарӯза барои зиёрат ва дафн бемонеа кушода бошанд: “Мақомоти масъули маҳалллӣ бояд дафтари қайди дафнҳо ва сангҳои мазорро таҳияю нигоҳдорӣ кунанд”.

Инчунин муқаррар шудааст, ки дар ҳудуди оромгоҳҳо вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ҳузур доштан дар ҳолати мастӣ, вайрон кардани санги мазор, чарондани чорво, сӯзондани алафи хушк мамнуъ мебошад: “Масъулин бояд оромгоҳҳоро тоза, дар доираи меъёрҳои зиддисӯхторӣ, санитарӣ ва меъморӣ нигоҳ доранд”.

Ин қарори ҳукумат дар ҳолест, ки ахиран дар Қирғизистон масъалаи дафни як зан, ки гӯиё пайрави дини дигар будааст, баҳсҳо барангехт ва боис шуд, ки ҷасад чанд бор аз як гӯристон ба гӯристони дигар интиқол дода шавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *