Макони музокиротро кӣ бояд муайян кунад?
Ба далели амниятӣ макони дақиқи музокирот эълон нашудааст.
Ҳайати Украина вориди қаламрави Белорус шуд,- хабар медиҳад РИА «Новости» бо истинод ба сиёсатшиноси белорус Юрий Воскресенский.
Ӯ иборзи ақида менамояд, ки ҳайати Украина ба макони музокирот бо ҷониби Русия равон аст, аммо эҳтимол дорад, ки оғози гуфтушунид тағйир ёбад.
Ҳамзамон, ба далели амниятӣ макони дақиқи музокирот феълан эълон нашудааст.
«Маълумот вуҷуд дорад, ки ҳайати Украина пас аз роҳ тафреҳ мехоҳанд ва эҳтимол вақти музокирот дигар шавад. Аммо чизи асосӣ ин аст, ки гуфтушунид ҳатман сурат мегирад»,- таъкид намудааст Воскресенский.
Бояд зикр намуд, ки ҳайати Русия як рӯз пеш барои музокирот вориди Белорус шуд.
Ташрифи ҳайати Украина ба Белорус дар ҳолест, ки қаблан Владимир Зеленский изҳор дошт, ки Белорус наметавонад майдони гуфтушунид миёни Русия ва Украина шавад.
Ӯ гуфт, ҷонибдори он аст, ки музокирот дар Варшава, Будапешт ва ё Истамбул доир шавад.
Қаблан сухангӯи президент Дмитрий Песков гуфт, ҳайати намояндагони Русия аллакай дар Гомел қарор доранд.
Ба ҳайати Федератсияи Русия барои гуфтушунид бо украиниҳо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати дифоъ ва дигар идораҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла дастгоҳи президент шомил буданд. Тавре Песков ба хабаргузории РИА «Новости» гуфтааст, Русия мунтазири ҳайати Украина дар музокирот дар Гомели Белорус аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ