Макри зани қишлоқӣ

Омина шавҳарашро 20 соли дароз аҳмақ карда мегашт, вале оқибат сираш фош шуду…

                                     Дар ҷустуҷӯйи рӯзӣ
Қаҳҳор қатори дигар ҷавонмардони тоҷик ба Русия мардикорӣ рафт, то шароити зиндагиашро беҳтар созад. Аввалҳо вай ҳамроҳи як гурӯҳ ҳамдеҳагонаш дар шаҳри Маскав дар як завод кор мекард, вале баъдан ҳалолкору поквиҷдониашро дида, роҳбари корхона ӯро ба як рафиқи наздикаш, ки барои хонаи берун аз шаҳраш посбон меҷуст, тавсия дод. Рӯзи дигар генерал Қаҳҳорро ба утоқаш даъват намуда пешниҳодашро гуфт. Ваъдаи маоши хуб ва ҷои хобу хӯроки бепулро шунида Қаҳҳор дарҳол розигӣ дод, зеро то он дам нисфи пулаш сарфи  иҷорапулӣ ва хӯрока мегашт. Ин ҷавонмарди сарфакор  мехост харҷи худро камтар намуда, ба хона бештар пул фиристад, то ҳамсару фарзандонаш азоб накашанд, вале…

                                         “Дядя Каххор”

Дар хонаи генерал вазифаи Қаҳҳор танҳо посбонии ҳавлӣ буд, вале ин ҷавонмарди устухонаш бо меҳнат шахшуда аз пеши худ нигоҳубини боғро низ бар дӯш гирифта, шохаҳои нолозими дарахтонро бурид, аз пули худ гулу  буттаҳои нав оварда шинонд. Генерал баъди як моҳи ба кор гирифтани Қаҳҳор бӯстонсарояшро хабаргирӣ омада, қариб буд ҳавлиашро нашиносад, зеро ин ҷавони гулдасти тоҷик дар як муддати кӯтоҳ онро ба як гӯшаи боғи биҳишт монанд гардонида буд. Меҳнатдӯстии посбони нав ба генерал маъқул шуд ва музди меҳнати Қаҳҳорро аз маслиҳати кардаашон ду баробар зиёдтар дод. Генерал таъкид кард, ки аз ҳамин рӯз эътиборан вай натанҳо посбон, балки мисли як аъзои хонаводаи ӯст, чӣ мушкиле, ки дошта бошад, шарм надошта бигӯяд, вай албатта дар ҳаллаш дасти мадад дароз менамояд. Оҳиста-оҳиста фарзандони генерал низ бо Қаҳҳор унс гирифтанд ва ӯро “Дядя Каххор” меномидагӣ шуданд.

                                      Хӯҷаин ё падари маънавӣ?

 Ҳамин тавр Қаҳҳор дар хонаи генерал қариб 20 сол кор карда, тамоман одами худӣ шуда монд. Генерал соле як маротиба ё дар ду сол як бор ӯро ба хонааш дамгирӣ мефиристод. Зани генерал барои ҳамсару фарзандони Қаҳҳор туҳфаҳои бисёре харида сумкаҳои ӯро пур мекард, генерал бошад, посбони аз писар азизтарашро шахсан худаш ба фурудгоҳ бурда ба тайёра мешинонд ва таъкид мекард, ки мабодо дар Ватан ягон мушкилӣ пайдо шуда бошад, занг занад, вай ба ӯ боз пул мефиристад.

                                                Шавҳари меҳрубон

Зану фарзандонаш ҷайби пур аз пул ва сумкаҳои пурбори Қаҳҳорро дида аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегирифтанд. Баробари ба Ватан расидан Қаҳҳор маърака ороста ба ҳаққу ҳамсояҳо ва хешу табор ба шарафи бозгашташ зиёфат медод, баъд зану  кӯдаконашро ба бозор бурда, гули чизро харида медод. Ба шарофати пулҳои генерал ҳамсари деҳотии Қаҳҳор мисли бойхотунҳо либос пӯшида, гӯшу гардану ангуштонаш дар бадали ин бист сол ба қавли кампиракон тиллопеч шуданд. Қаҳҳор дар бадали ин солҳо бо дастгирии генерал, ки ба ӯ мисли падар ғамхору меҳрубон буд, хонаҳои пастаки аз волидонаш мерос мондаро вайрон карда, дар ҷойи он ҳавлии боҳашамати қасрмонанде сохт. Хонаи навсохти Қаҳҳор сеошёна буда, 16 дар хона ва ду меҳмонхонаи мисли толори театр калон дошт. Тамоми ҳуҷраҳоро қолинҳои гаронбаҳои эронию мебелу роҳаткурсиҳои шоҳона зебу зиннат медоданд. Ин марди меҳнатӣ ба хотири солимии фарзандонаш таҳхонаи биноро ба спорт-зал табдил дод, то кӯдаконаш ҳар рӯз дар хонаи худашон бемалол машқ карда, худро ҷисман обутоб диҳанд.

Қаҳҳор ҳамагӣ бист рӯз ё як моҳ истода боз ба Русия бар мегашт, вале дар ин муддати кӯтоҳ ҳамсараш дарҳол ҳомиладор шуда, оилааш торафт калонтар шудан мегирифт. Ин марди бехабар аз макри зан, аз додаи Парвардигор хурсанд буд ва Худоро шукр мегуфт, ки ба ӯ солдармиён як фарзанди гул барин зеборо ҳадя месозад, аммо…

                                            Туҳмат

Қаҳҳор боз барои боздиди зану фарзандонаш ба Ватан омад, вале аз байн як ҳафта нагузашта генерал ба ӯ занг зад. Аз чӣ бошад, ки табъи хӯҷаин ин дафъа хира менамуд. Вай ҳатто салому алейкро нася гузошта бо оҳанги омирона ба Қаҳҳор супориш дод, ки худи пагоҳ худро дар Маскав бигирад. Қаҳҳор аз  муомилаи сарди генерал ба ҳайрат афтида бошад ҳам, худи ҳамон рӯз чипта харид ва субҳи рӯзи дигар ба Русия парвоз кард. Ин дафъа ӯро дар фурудгоҳ на генерал, балки танҳо ронандааш пешвоз гирифт ва чизе нагуфта ба мошин шинонду рост ба бӯстонсаро бурд. Хӯҷаин бо ӯ сардакак вохӯрӣ карда,  сипас ба сари мақсад омад:

-Ман туро мисли фарзанди худам дӯст медоштам ва барои ту чизеро дареғ намедоштам, вале сахт хато кардам….

-Ростӣ, чизеро нафаҳмидам, агар бемалол бошад, ошкортар гап занед. Магар ман ягон гуноҳ кардам?-пурсид Қаҳҳор музтар шуда.

-Боз шарм надошта “магар ман ягон гуноҳ кардам?” мегӯӣ-а?!-Хӯҷаин аз ғазаб меларзид.

Баъд маълум шуд, ки духтари генерал Аня аз касе ҳомиладор шудааст. Вақте ки  падараш ӯро тергав мекунад, ки падари тифли батнаш кист, Аня номи Қаҳҳорро ба забон меорад ва хун ба сари генерал зада, худи ҳамон лаҳза ба посбон телефон карда, бозгашташро тақозо менамояд. Қаҳҳор бо тамоми муқаддасоти олам қасам хӯрд, ки вай Аняро мисли фарзанди худаш медонад ва ба ӯ ҳеҷ гоҳ бо чашми бад нанигаристааст, вале генерал ба гапаш бовар накард.

                                Ҳақиқат рӯйи об баромад, вале…

Моҷарои ҳомиладории духтари генерал қариб  шаш моҳ тул кашида, билохира Аня писарча таваллуд кард. Бо супориши генерал табибон ДНК гузаронидаанд, то гуноҳи Қаҳҳорро исбот намоянд, вале ташхис нишон дод, ки посбони тоҷик ба ин тифли навзод ягон алоқа надорад. Аня исбот шудани дурӯғашро дида, ба пеши пойи падараш афтид ва зориву тавалло намуд, ки аз гуноҳаш гузарад. Генерал дар назди духтараш шарт гузошта гуфт:

-Ту як одами бегуноҳро туҳмат карда, чанд моҳ руҳан ранҷу азоб додӣ. Ман танҳо дар он ҳолат туро мебахшам, ки Қаҳҳор аз гуноҳат гузарад! Дониста мон, агар ӯ туро набахшад, ман ҳам туро ҳаргиз намебахшам! Дигар дар хонаи ман барои ту ҷой нест. Кӯдакатро бигиру ба куҷое, ки меравӣ, баромада рав!

Аня гирёну нолон худро ба пеши пойи Қаҳҳор партофта илтиҷо намуд, ки ӯро бубахшад. Қаҳҳор аз китфонаш дошта духтарро аз замин бардошт ва сарашро падарвор сила карда гуфт:

-Ҳар кас дар ин дунё хато мекунад, духтарам, бархез, ман кайҳо аз гуноҳи ту гузаштам!

Ин суханони посбон генералро ба риққат оварданд ва ӯро дубора падарвор ба оғӯш гирифта узр хоста гуфт:

-Ман бояд фавран ба Ватан баргашта як масъаларо ҳал кунам!

Генерал худаш ӯро ба фурудгоҳ бурда барояш чипта харид ва хоҳиш кард, ки ҳатман ба назди онҳо баргардад, зеро ӯ намехоҳад барои як хатои духтари беандешааш шуда, писари азизашро аз даст диҳад. Қаҳҳор бо аломати ризо сар ҷумбонд, вале ҳушу ёдаш ин лаҳза ба чизи дигар банд буд.

                          Марди безурриёте, ки  нуҳ фарзанд дорад

Дар тайёра хулосаи ташхиси табибони русро, ки барои падари тифли Аня будан ё набудани Қаҳҳорро муайян кардан гузаронида буданд, гаштаю баргашта хонда, мардаки бечора пушти сарашро мехорид. Ташхис ӯро комилан безурриёт бароварда буд. “Ман якто не, дуто не, нуҳ фарзанд дорам, чӣ хел ман безурриёт будаам?!” мегуфт худ ба худ ин марди ҳайратзада ва худро тасаллӣ медод: “Илми тиб дар Русия пеш рафтааст гуфта, одамон аз ким-куҷоҳо ба ин ҷо меоянд, маълум мешавад, ки ҳамааш дурӯғ будааст… ” Қаҳҳор хулосаи ташхисро хато шумурда хеле кӯшиш кард, ки онро фаромӯш кунад, вале калимаи безурриёт ҳеҷ аз лавҳи хаёлаш зудуда намегашт. Дар тӯли чор соати парвоз танҳо сари ҳамин масъала фикр карда, ниҳоят вай ба хулосае омад, ки рост ба беморхона меравад ва дар Ватан ташхиси такрорӣ мегузаронад, то хатои табибони русро собит созад…

                                    Муаммои сарбаста

Қаҳҳор аз тайёра фаромада мисли ҳарвақта бо табъи хуш ба хонааш нарафт. Вай таксиеро қарор карда аз ронанда хоҳиш намуд, ки ӯро ба ягон беморхонаи машҳури шаҳр, ки бо масъалаҳои марбут ба бенаслӣ машғул аст, бубарад. Ронанда дар бадали 15 дақиқа ӯро ба ҷойи лозимӣ расонд. Қаҳҳор аллакай дар Русия ташхис гузарониданашро пинҳон дошта, хоҳиши гузаронидани ташхисро намуд. Табибон пурсу поси зиёдатиро  нозарур шумурда, дарҳол аз пайи гузаронидани амалиёт шуданд. Қаҳҳор умедвор буд, ки хатои табибони рус исбот мешавад, вале ташхис нишон дод, ки вай дар ҳақиқат безурриёт аст. “Ман бист сол боз зану фарзанд гуфта, аз Ватан бе Ватан ва аз хона бе хона шуда гаштам. Тамоми қувватамро барои роҳату осоиштагии аҳли оилаам сарф намуда, нуҳ фарзандро бо гули чиз калон кардам. Тамоми ёфту тофтамро сарф намуда, бачаҳоямро хононда, соҳиби маълумот гардондам, то давоми умр ва дар пирӣ асои дастам шаванд. Хонаву дари бодабдаба сохта, тӯйҳои осмонкаф оростам, то ки зану фарзандонам орзуву ҳавасҳояшонро бишкананд, вале билохира маълум шуд, ки ман безурриёт будаам. Пас, ин нуҳ фарзанд аз куҷо пайдо шуданд? Наход занам ҳамин қадар сол маро аҳмақ карда ба ман хиёнат карда бошад-а? Падари фарзандони ман кист?” ,-бо чашмони пуроб аз дил мегузаронд Қаҳҳор, ки дигар ба хато кардани табибон заррае шакку шубҳа надошт…

                             Узри бадтар аз гуноҳ

Баробари аз мошин фаромадани Қаҳҳор ҳамсару фарзандонаш ба пешвози Қаҳҳор баромаданд, вале марди хонадон ин дафъа бо аҳли оилааш сардакак вохӯрӣ намуда, баробари ҷавоб додани ронанда бо қошу қавоқи овезон “ман ба ту як гапи бисёр муҳим дорам” гӯён, занашро ба утоқи дигар даъват кард. Фарзандон даст афшонда аз паси кору бори худашон шуданд, ҳамсараш бошад, чизеро пай набурда аз паси Қаҳҳор ба меҳмонхона даромад. Баробари пӯшидани дар мард девонавор дод зад:

-Росташро гӯй маккора, ту ин нуҳ ҳаромиро аз кӣ зоида ба гардани ман бор кардӣ?

Ҳамсараш Омина худро ба шаттоҳӣ зада мехост бо гиряву нола ва қасамҳои дурӯғ исбот намояд, ки вай зани покдомон аст ва дар умраш ягон бор ба Қаҳҳор хиёнат накардаасту фарзандонаш аз ӯ ҳастанд.

Қаҳҳор аз гиряву золии зан бештар асабӣ шуда натиҷаи ташхисро ба сари Омина зад ва фиғон кашид:

-Ман гумон кардам, ки табибони рус хато кардаанд, аз ҳамин хотир дар ин ҷо ҳам ташхиси такрорӣ гузаронидам, вале натиҷаи ҳардуяш як баромада, безурриёт будани маро исбот кард. Росташро гӯй, ки падари фарзандонат кист, набошад худи ҳозир туро лучи модарзод карда дар кӯча сар медиҳам, то ҳама шармандагиатро фаҳманд!

Омина хуб медонист, ки Қаҳҳор марди оромтабиат бошад ҳам, бисёр бо нангу баномус аст ва гапи гуфтаашро ҳатман мекунад. Аз тарси он ки шавҳараш ӯро урён аз дар берун карда шармандаи ду дунё месозад, ин зани маккора чораи дигар наёфта ба гуноҳаш иқрор шуда гуфт:

-Ман кайҳо медонистам, ки аз ту фарзанд намешавад. Барои аз даст надодани шавҳари пулёб ва ин хонаву дари боҳашамат ба оғӯши марди дигар медаромадам, то туро бо фарзанд побанд карда бигирам. Ҳамаи бачаҳоямон аз ҳамсояанд, дигар бо ягон мард набудам. Омад-омади туро шунида, ду-се рӯз пеш бо ҳамсоя хилват мекардам, то ҳомиладор шавам. Кори Худоро бин, ки дигар занҳоро шавҳарашон ҳар шаб дар канорашон бошад ҳам, баъзан дар 10-15 сол ҳомиладор намешаванд, вале ман дарҳол ҳомиладор мешудам ва баъд аз ту севанчӣ мегирифтам, ки боз бачадор мешавем…

-Бас кун, фоҳиша, бас кун! Ман дигар тоқати шунидани ин ҳақиқати талхро надорам! Се талоқат кардам! Фаҳмӣ, се талоқат кардам!!! Сағераҳои ҳаромиатро гиру ба хубӣ баромада рав, агар наравӣ, ҳамаатонро бо ҳамин хонаву дар оташ мезанам,-сарашро бо кафи дастонаш дошта таҳдид намуд Қаҳҳор ва калавида-калавида аз хона баромад, вале…

                                  Куштаи номус

Қаҳҳор дар синааш якбора дарди ҷонкоҳеро эҳсос намуд, ки мисли халидани теғ дарднок буд. Аз зӯрии дард пеши чашмонаш сиёҳӣ заданд ва ин ҷавонмарди ҳузарб мисли чанори решагардоншуда дар дами дар гурсосзанон ба замин афтид. Фарзандони аз моҷаро бехабараш зуд Қаҳҳорро ба мошин бор карда ба беморхона бурданд.

Табибон шаш шабонарӯз барои наҷот додани бемор аз панҷаи марг талош намуда бошанд ҳам, комёб нагаштанд. Дили ин марди бо нангу номус ба доғи сӯзони хиёнати зан тоб наоварда, рӯзи ҳафтум сари субҳ дар беморхона аз тапидан бозмонд…

                           Сири фошгашта

 Қаҳҳор чашм во накарда ҷон ба ҷонофарин супурду Омина нафаси сабук кашид, ки сири нангинаш пинҳон мемонад, вале хаёли ин зани тардоман хом баромад. Худованд дергир, вале сахтгир аст гуфтани мардум беҳуда набудааст, рӯзи дуюми гӯру чӯб кардани маит телефони падар ба дасти писари калонӣ афтид. Қаҳҳори номурод ҳамон рӯз суҳбати охиринашро бо ҳамсараш дар камераи телефон сабт карда будааст. Иқрори модар ва аз марди ҳамсоя буданашонро шунида хун ба сари писар зад ва наворро ба ҳама бародару хоҳаронаш нишон дода, онҳоро аз асли ҳодиса ва сабаби марги падар огоҳ намуд.

Ҳамин тавр сири Омина фош шуд ва ӯро фарзандони худаш, ки ба хотири хонаву дар ва ҷоҳу ҷалол шуда аз марди бегона бе никоҳ ба дунё оварда буд, мисли саги бесоҳиб лагадкӯбкунон аз хона ронданд. Ҷазои зани хиёнаткор ҳамин аст…

Тоҷинисои Азиз

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *