Мактаб дар қабристон. Деҳаи Косатарош кай соҳиби бинои мактаб мешавад?

Сокинони деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакентро оғози соли таҳсили имсола хурсанд накард, зеро интизориҳояшон барбод рафт. Мақомдорон ба ваъдаашон вафо накарданд ва сохтмони мактаб ба анҷом нарасид.

Мушкили №1

Сокинони Косатарош солҳост, ки аз надоштани замин ранҷ мебаранд. Заминҳои доштаашонро низ бо кумаки зимомдорони давр ба дигарон «тақдим» карданд. Мардум на замини президентӣ доранду на саҳми замин. Садҳо нафар ҷавонон барои рӯзгорашонро аз волидайн ҷудо кардан як ҳисса замин надоранд. Қариб 500 нафар ҷавонон ба замини наздиҳавлигӣ ниёз доранд, вале илоҷ намеёбанд.

Дар ҷамоати деҳоти Косатарош ва МИҲД-и шаҳри Панҷакент аз мушкилиҳои ин деҳа огоҳанд. Чанд сол мешавад, ки бархе аз ҷавонон ба Косатароши куҳна аз деҳаи нав (Онро Косатароши поён мегӯянд), ки қариб 10 километр дур аст, кӯч бастаанд. Мушкили обро бо роҳи кашонидан ҳал менамоянд, вале набудани мактаб, маркази саломатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ барои гузаронидани маъракаҳо мушкилоти аҳолиро даҳчанд намудааст. Сокинони деҳа маҷбуранд, ки фарзандонашонро новобаста аз дур будани роҳ ба МТМУ №75 фиристанд, ба мактабе, ки худаш на шароит дорад, на ҷойи нишаст…

Роҳи пурхатар

Роҳе, ки хонандагонро ба наздиктарин мактаб мебарад, хеле танг ва тӯлонист. Илова бар ин, мошинҳои боркаши КМ «Зарафшон» ва кулли нақлиёти ҷамоатҳои Шинг, Моғиён ва Фароб аз ин ҷо убур мекунанд. Яъне рафтуомад бо ин роҳ хеле хатарнок аст.

Ин роҳ дар дарае ҷойгир аст, ки дар фасли тирамоҳ ва зимистон боди тунде мевазад, ки аҳолӣ онро «Шамоли дара» меноманд ва он шамол борҳо боиси вайронии бомпӯши хонаҳо гардидааст. Ба болои сардии ҷонсӯзаш метавонад кӯдакони хурдсолро чун барги хазон бо худ барад. Ғайр аз ин, дар ҳар қадам селроҳаи бузурге ҷой гирифтааст, ки роҳбарон аз селҳои даҳшатноки Сои Обдор ва Сои Чертук огоҳанд. Ин роҳ бештари вақт вайрон аст. Борҳо шудааст, ки экскваторҳо дар кафши борбардорӣ кӯдаконро аз лойқа мебардоранд.

Дар тангнои Сари Доғ борҳо сагҳо ва гургҳо ба мардум ҳуҷум кардаанд…  

Тасаввур кунед, ки наздики 300 нафар мактаббача маҷбуранд чунин роҳи хатарнокро тай карда, ба мактаб биёянд.

Супориши раис иҷро нашуд

То соли хониши 2020-2021 бе иҷозати хитоиҳо роҳбарони маҳаллии КМ «Зарафшон» автобусеро ҷудо карда буданд, то кӯдаконро ба мактаб расонанд, вале чун шумораи хонандагон афзун шуд, онҳо аз тарси он ки ҳодисае рух надиҳад, дигар мошин ҷудо накарданд. Дуюми сентябри соли 2021 аз сабаби ба мактаб нарафтани хонандагон бори аввал раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба деҳа омад. Сафари ӯ боис гашт, ки дубора корхона як автобуси хурдакак ҷудо кунад. Ҳамон рӯз ваъда шуд, ки ӯ замин ҷудо мекунаду мардум худашон ба тариқи ҳашар мактаб созанд. “Соҳибон”-и заминҳое, ки раис барои сохтмони мактаб ҷудо кард, атрофи заминҳояшонро девор карданду рӯзе, ки фаъолони деҳа даҳ мошин санг оварданд, нагузоштанд, ки ба он атроф наздик шаванд. Ҷӯшу хурӯши мардум барҳам хӯрд ва аҳд намуданд, ки ҳеҷ гоҳ ба тариқи ҳашар мактаб намесозанд. Бо ин нарху навои бозор аҳолӣ нони худро таъмин карда наметавонад, чунки аз сабаби набудани кор аҳолии деҳа аксаран бекоранд.

Баъди ин сафари пурбаракати раис ҳар рӯз 220 хонандаро ин автобус дар ду рейс, дар ҳар рейс 110-нафарӣ ба мактаб бурда овард. Шумораи маҷруҳшудагон ва зарардидагон муайян нест. Яке дасташро шикасту дигаре либосашро дар кашокаш аз даст дод. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки имсол корхона аз тарсе, ки воқеае рух надиҳад, автобус ҷудо карданӣ нест…

Мактаб дар қабристон

Соли 2020 дар дохили қабристони деҳа бо дастгирии раиси собиқи шаҳр Шафеиён Ислом ҳашт синфхона сохтанӣ шуданд ва тагдевор низ бардоштанд, вале сокинон дар ин ҷои пурмӯру мор ва тарсовар мактаб сохтанро қабул накарданд. Албатта, хато карданд, чунки ин «ғамхорӣ» боис гашт, ки ҳама аз мактабсозӣ рӯ тофтанд.

Афсӯс, ки Шафеиён аз вазифа рафту дасту пойи мо ҳам аз замин гӯё канда шуд. Умедҳое, ки доштем, дигар аз даст додем.

Ҳангоми тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ 2 гектар замин дар мавзеи поёнии Сои Обдор барои хонаи саломатӣ, дӯконҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мактаб ҷудо шуда буд, вале он куҷо шуд, заминсозон медонанду  ононе, ки худсарона ин заминро моли худ карда гирифтанд.

Аз қабристони деҳа болотар ҳам замин мавҷуд аст, вале ҳукуматдорон он заминро аз они хоҷагии деҳқонӣ гуфта, ба эҳтиёҷи халқ вогузоштанӣ нестанд.  

Имрӯз бо ду пиразани деҳа Мусаллам Муродова ва Чаман Қурбонова, ки борҳо ба қабули роҳбарони шаҳри Панҷакент рафтаанд, ҳамсуҳбат шудам. Бо ашки чашм изҳор доштанд, ки панҷ нафар набераҳояшон имсол ба синфи якум мераванд ва сахт хавотиранд.

Мактабе, ки ягон шароит надорад

Ба МТМУ №75-и деҳаи Косатароши поён соли гузашта 228 нафар хонандагон аз деҳаи боло меомаданд. Имсол ин теъдод ба 270 нафар расидааст. Дар се соли оянда ба 516 нафар расидани кӯдакони синни мактабии ин мавзеъро маълумотномаи муҳру имзо доштаи ҷамоати деҳоти Косатарош тасдиқ мекунад. Алъон ин 270 нафар роҳи тӯлонӣ ва пурхавфро тай намуда, ба МТМУ №75 мераванд. Ҳол он ки, соли 1994 ин муассиса барои 240 нафар сохта шуда буд, вале аз сабаби солҳои буҳронӣ будани он солҳо на варзишгоҳ сохта шуду на муассиса рӯи ягон мизу курсии навро дид. Бо чанд мизу курсии аз дил баровардаи аҳолии деҳаи Филмандар, то он сол мактаби ду деҳа якҷоя буд, ба хонандагон ҷои нишаст пайдо шуда буд…

Чунин аст вазъи аҳолии деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент. Ҳамарӯза аҳолии ин деҳа дар саросари кишвар боз шудани мактабҳои наву замонавиро дида, ашк дар чашмонашон ҳалқа мезанад ва дуо мекунанд: “Худоё, ба мақомдорони Панҷакенти вилояти Суғд тавфиқ деҳ, ки фарзандони мо ҳам соҳиби мактаб шаванд”.

Исмоил ЗАРИФӢ, рӯзноманигор ва шоир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *