Мактаб дар зиндон. Чаро ноболиғон ҷиноят содир мекунанд?
Муассисаи тарбиявии 3/12-и СИРИҶ ВАҶТ ягона муассисаи ислоҳӣ дар кишвар барои ноболиғон буда, айни замон дар он 59 ноболиғ (аз 14 то 18-сола) адои ҷазо менамоянд. Ба иттилои Далер Нахчиров, капитан, сардори муассисаи тарбиявии 3/12-и Cарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассиса режими муайян ҷорӣ буда, ноболиғон аз рӯи барномаи таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Пас аз озод шудан дар мактабҳое, ки қаблан мехонданд, рафта, таҳсилро давом медиҳанд. Синфхонаҳои таълимӣ, сексияҳои варзишӣ ва маҳфилҳои гуногун, китобхонаю синфхонаи компютерӣ амал намуда, равоншиносон бо маҳкумшудагон пайваста корбарӣ мекунанд.
Хусусияти хоси ин муассиса дар он аст, ки падару модарон ҳар ҳафта метавонанд то 5 маротиба ба аёдати фарзандони худ биёянд. Пас аз он, ки синну соли онҳо аз 18 мегузарад, ба муассисаҳои дигар интиқол меёбанд. Сабаби асосии рух додани ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон беназоратии волидон мебошад. Шабгардию ҷӯрабозӣ ба ин ҳолат меорад. Хусусан, маҳкумшудагон бо моддаҳои 244 (дуздӣ) 237 (авбошӣ) бисёранд. — афзуд Далер Ғаюрович.
Дар суҳбати ноболиғони маҳкумшуда
С. И. 16 сола:
— Ман соли 2004 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омадам ва ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунем. Падарам муҳоҷир ва модарам хонашин мебошанд. 4 моҳ боз дар ин ҷо тибқи моддаи 104, қ.2 адои ҷазо мекунам. Дар ҳолати мадҳушӣ бо ҷавонони деҳа баҳс мекунам ва нисфи шаб онҳо ба хонаи мо меоянд. Ба телефонам занг зада, маро ба берун даъват намуданд ва ман барои ҳимояи худ кордро гирифтам. Сипас бо ҷавоне, ки аз ман ду сол калон буд, гапамон гурехт ва ман ӯро бо корд задам, дигарон ин ҳолатро дида тарсида гурехтанд, ман бошам боз якчанд корд задам ва дар натиҷа ӯ ҳалок шуд..
— Оё аз кирдори худ пушаймон ҳастӣ?
— Албатта, ман пушаймонам. Зеро худ надонистам, ки чӣ тавр ва чаро ба ин кор даст задам.
— Шароити ин ҷо чӣ хел аст? Ба чӣ корҳо машғул мешавед?
— Мисли мактаб дарс мехонем, шеърҳо азёд мекунем.Ман якчанд шеърро дар васфи Модар ва Ватан азёд намудам.
-Садриддин Айнӣ кӣ аст?
— Шоир, нависанда.
-Кадом китобҳои ӯро медонӣ?
— «Ятим» ва «Мактаби кӯҳна».
А. А. – 16 сола:
— Ман 14-сола будам, ки ба ҷиноят даст задам. 2 солу як моҳ боз инҷоям. Дар мактаб ба фанҳои забони русӣ ва англисӣ шавқ доштам. Пас аз озод шуданам орзу дорам, ки дар фермаи говпарварии деҳаамон кор кунам.
А. А. – 17 сола:
— Ман бо моддаи 237, қ. 2, яъне авбошӣ адои ҷазо мекунам. Бо модарам дар ноҳияи Шоҳмансур зиндагӣ мекунем, аммо падарам оилаи дигар кардааст ва солҳои охир аз ман хабар намегирад. Вақте бори аввал ба муноқиша даст задам, ба ман 1 моҳи шартии озодӣ ва иҷрои кори ислоҳӣ дода буданд. Бори дуюм боз ҷиноят содир намудам. Бо як ҳамсолам муноқиша намуда, ӯро лату кӯб кардам. 9 моҳ боз дар ҳаминҷоям. Пештар ба таъмиру рангубори автомобил машғул шуда, каме ба хона пул меовардам. Мехостам дар ин муассиса дар баробари шароиту маҳфилҳои дигар асбобҳои мусиқӣ бошанд, то ин ки таблакнавозиро ёд гирам. Ман ба навохтани ин асбоб шавқ дорам ва дар сурати ёд гирифтани он метавонам дар оянда дар тӯйҳо низ иштирок намоям ва як манбаи иловагие барои зиндагии худ пайдо намоям…
Э. Ҳ.-16 сола:
— Мо дар оила 7 фарзандем, аммо падару модари худро намешиносам. Мо дугоникем ва ману Ҳусейн дар хонаи бачагонаи шаҳри Турсунзода тарбия меёфтем. Бо бародару хоҳарони дигарамон низ рафтуомад надорем ва ятими кулл мебошем. Моро аз интернат барои идомаи таҳсил ва касбомӯзӣ ба омӯзишгоҳи махсуси касбӣ- техникии шаҳри Душанбе сафарбар намуданд. Аммо ману дугоникам хостем соҳиби пул бошем, либосу хӯрокҳои хуб дошта бошем. Бо ин мақсад ба шаҳри Турсунзода омада дӯкони фурӯши телефонҳои мобилиро ғорат намудем ва аз онҷо 3500 сомониро дуздидем.Пас аз як соат дастгир намуданд, зеро аз камера диданд. Қаблан низ ба дуздӣ даст зада будам. Як сол боз ин ҷоям ва ду солу шаш моҳ ҳукм гирифтаам. Ҳасан низ дар муассисаи дигар адои ҷазо мекунад. Ин ҷо мо дарс мехонем ва ба ман забон ва адабиёти рус писанд аст. Дар оянда мехоҳам меъмор шавам ва тарҳи хонаҳоро кашам.
А. А.-17 сола:
— Ману апаам падару модар надорем. Дар ду солагӣ аз падар ва дар 9 солагӣ аз модар маҳрум шудам. Дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунем. Аммаю холаҳо дорем, ки хабар гирифта меистанд. Ман дар «мойка» кор карда, рӯзе то 50-60 сомонӣ пул меёфтам. Ман бори дуюм ба ҷинояти дуздӣ даст зада, велосипедро дуздидам ва онро ба маблағи 1200 сомонӣ фурӯхтам. Ин навбат ба ман, ки такроран дуздӣ содир намудам, 3,5 сол ҳукм доданд. Ман гитаранавозиро дӯст медорам, аммо афсӯс мо ин ҷо гитара надорем. Аз сарояндаҳо Шабнами Сурайёро дӯст медорам. Аз фанҳои мактабӣ бошад, ба ман химия писанд аст ва ба тиб шавқи зиёд дорам.
Охирсухан: Наврасон ҷиноят содир мекунанд, ҷиноятҳои нангину сангин ва гоҳе аз беэҳтиётию беаҳамиятии волидон. Омилҳо албатта гуногунанд. Пеш аз ҳама тарбияи хонаводагӣ, муносибати ҷиддии падару модар нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд, фазои мусоиди хонаводагӣ, шароити таҳсилу зиндагӣ ба ин сабаб шуда метавонад…
Мутриба ТӮЙЧИЗОДА, Насрулло ТӮЙЧИЗОДА,
махсус барои «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ