Мактаби мардонагӣ шоирро обутоб дод
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ки соли 1971 баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст, хизмати ҳарбиро ба мактабе шабоҳат медиҳад, ки дар он дарси шуҷоату мардонагӣ омӯзонида мешавад.
— Дар хизмати ҳарбӣ ҳар инсон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва руҳию равонӣ обутоб меёбад. Хизмати ҳарбие, ки мо карда будем дар давраи Шӯравӣ, бештар аз як мактаб буд ва имрӯз ҳам ҳамин гуна аст. Дар воқеъ, хизмати ҳарбӣ инсонро масъулиятшинос намуда, масъулияти ватандориро дар тинати кас бедор мекунад. Пеш аз ҳама, дар хизмати ҳарбӣ шумо ҳамчун инсони ба камол расида тарбия меёбед. Хизмати ҳарбӣ мактабест, ки ҷавононро аз гӯшаҳои гуногун ҷамъ оварда, муттаҳид месозад. Беҳтарин ангезаҳои шуҷоатмандию ҷавонмардӣ ва тавонмандиро аз худ мекунед,- мегӯяд шоир зимни суҳбат.
— Устод, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷавонони тоҷик хизмати ҳарбиро дар давлату шаҳрҳои гуногун ба ҷо меоварданд. Лутфан, мегуфтед, ки хизмати ҳарбиро кадом сол дар куҷо адо намудаед?
— Соли 1971, пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе (имрӯза ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ман худам ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ариза навиштам ва тирамоҳи ҳамон сол ба хизмати ҳарбӣ рафтам. Ба муддати 6 рӯз ба воситаи қатора то Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, ки дар як гӯшаи Сибир, дар вилояти Иркутск қарор дошт, рафта расидам. Шаш моҳи хизмати мо дар ҳамон ҷо гузашт. Пайваста дар тамрину омодабошию омӯзиш қарор доштем. Пас аз он моро ба омӯзиши курсҳои афсарӣ равон карданд. Аз ҷумла, маро ба шаҳри Ногинск фиристоданд, ки ба Маскав наздик аст. Мо ки маълумоти олӣ доштем, дар он ҷо шаш моҳи дигар чун афсар омода намуданд. Баъдан рутбаи лейтенанти хурдро доданд. Пас аз бозгашт дар ҷамъомадҳои захираи даъвати сафарбарӣ иштирок намуда, бо рутбаҳо сарфароз гардонида мешудам. Алҳол капитани эҳтиётӣ ҳастам.
— Устод Гулназар Келдӣ дар як суҳбаташон ба мо гуфта буданд, ки вақти ба хизмат гусел намудани он кас дӯстдоштаашон либоси писаронаро ба бар намуда, Гулназарро гусел намуд, то падари шоир ин манзараро набинад. Ёд доред, ки шуморо чӣ гуна ба артиш гусел намуданд?
— Ман дар шаҳр будам. Аз падару модар дур. Зеро падару модар дар ноҳия қарор доштанд. Ман пас аз хатми донишгоҳ, ки ба хизмат рафтам, мутантан гусел нашудам. Рӯзи таъйиншуда омадаву ба қатора нишаста, ба хизмат рафтам…
— Албатта, дар хизмати ҳарбӣ лаҳзаҳои фаромӯшношуданӣ зиёданд. Ягон лаҳзаи ҷолиб дар хотири шумо нақш бастааст, ки имрӯз аз он ёдовар шавед?
— Дар хизмати ҳарбӣ крос ҳаст. Яъне, гирифтани борхалтаи ҷангӣ бо силоҳ ва давидан. Дар зимистон бо силоҳ, дар ёд надорам, ки чанд килограмм буд, бор дар пушт гирифта, пас аз санҷиши омодабошии ҷангӣ медавониданд. Моро 10 километр медавониданд дар Сибир. Дар байни ҷангалзор, ки ҳама ҷо ях аст. Ҳаво сард. Албатта, 10 километр бисёр вазнин барои одаме, ки аз як кишвари офтобрӯ ба Сибир рафта, дар сардиҳои он ҷо дар пушт борхалтаи ҷангӣ ва силоҳ медавад. Вақти давидан аз ҷониби командирон фармони ба тарафи чапу рост гаштан дода мешуд. Ҳамчунин, фармон мешуд, ки худро ба замин партоӣ. Мо орзу мекардем, ки командир фармони ба замин партофтанро медод, то чанд сония ақаллан дам гирем. Лаҳзаҳое буд, ки орзу мекардем, ки бигзор як поямонро буранд, вале дигар надавем. Баъдан фаҳмидем, ки чунин машқҳо барои обутоб ёфтани мо будааст. Аз ҳама лаҳзаи гуворояш он аст, ки вақте ба казарма омада, оби хунукро ба рӯят мепошӣ, бисёр лаҳзаи ширин аст, он лаҳза ҳама хастагиятро фаромӯш месозӣ.
Вақте мо ба хизмат рафтем, хунукиҳо сар шуда буд. Қисми ҳарбии мо дар ҷангал ҷойгир буд. Се километр аз шаҳрак дуртар қарор дошт. Бори аввал моро ҳаммом бурданд. Мо ки аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои офтобрӯ рафта будем, Сибир бароямон беҳад сард буд. Русҳо иҷозат надоданд, ки мо гӯшиҳои кулоҳҳоямон (телпак)-ро поён кунем, то гӯшҳоямон хунук нахӯрад. Хуллас, дар як даст сачоқ, дасти дигар дар гӯши дигарамон то ҳаммом давида рафтем. Вақте ба ҳаммом даромадем, ҳамдигарро дида, баланд-баланд механдидем. Барои он ки вақти давидан ҳаво бисёр хунук буд. Дасте, ки гӯшро маҳкам карда буд, он гӯш ҳамин хел истодааст. Гӯши дигарӣ, ки озод буд, пас аз сармо задан дар гармӣ ду баробари гӯши дигарӣ шуда буд. Лаҳзаҳои гуногун бисёр буданд. Мо — тоҷикон дар он ҷо кам набудем. Ман чаққонтару давандатар будам. Дар синфхона менишастем. Яке «тревога!» мегуфтанд. Медавидем. Аз аввал, ки ман ба варзиш машғул будам, бароям давидан мушкилӣ надошт. Дар қисми ҳарбии мо бачаҳои тоҷики маълумотдор зиёд буданд, хоҳиш мекарданд, ки оҳистатар давам. Кӯшиш мекардам, ки оҳистатар давам, то бачаҳои қафо азоб накашанд.
Ҳамзамон, замони хизмати ҳарбӣ котиби комсомолии ротаи худамон будам. Русҳо илтимос мекарданд, ки шеър хонам. Ман бошам, аз ашъори шоирони рус шеърҳои зиёдро аз ёд хонда, маҳфилороӣ мекардам. Дар вақти хизмати ҳарбӣ дар рӯзномаи ҳарбии округи вилояти Иркутск мухбир будам. Хабару мақола менавиштам, ки дар он нашрия чоп мешуд ва маро руҳбаланд мекард.
— Кадом лаҳзаи хизмат ба шумо писанд набуд?
— Чизе, ки бисёр ногувор бошад, набуд. Ҳамон солҳо Чин як барнома дошт барои ҳуҷум ба Иттиҳоди Шӯравӣ. Аз ин рӯ, мо ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доштем.
— Кадом одати хизмати ҳарбиро то имрӯз давом медиҳед?
— Баъди бозгашт аз хизмати ҳарбӣ гумон мекардам, ки агар оҳанро ба дастонам зер кунам, оҳан об мешавад. Зеро хизмати ҳарбӣ ба ман нерӯю тавон бахшида буд. Пас аз хизмат ман саҳархез шудам. Ҳар саҳар варзиш мекардам. Хизмате, ки мо кардем, бояд ҳар ҷавон ҳатман кунад. Ман 72-сола шудам, вале боз ба варзиш машғулам. То давраи КОВИД-19 ҳар субҳ ба варзиш машғул будам. Оянда низ варзиши сабукро давом медиҳам. Варзишро ҳеҷ вақт тарк кардан даркор нест.
— Шуморо ҳамчун шоири ватансаро мешиносанд. Таъсири ситоиши Ватан дар ашъоратон аз даврони хизмати ҳарбӣ маншаъ мегирад ё…?
— Мо тарбияи ватандӯстиро аз мактаби миёна гирифта будем. Замони мо замоне буд, ки ҳар шоир мавқеи ватандӯстона мегирифт. Дар ободии Ватану худшиносии миллӣ саҳм мегузошт. Шеърҳои ватандӯстонаро ҳамчун вазифаи шаҳрвандӣ иҷро кардам, вале аслан ашъори аслии ман дар паси шеърҳои ватандӯстонаам аст. Ман танҳо шоири ватансаро нестам.
— Дар ҳифз намудани манофеъ ва арзишҳои миллӣ нақши ҷавонон, хусусан хизматчиёни ҳарбиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Хизмати ҳарбӣ мактабест, ки бояд ҳар инсон аз он гузарад. Имрӯз дар замоне, ки таҳдидҳо ҷаҳони муосирро фаро гирифтаанд, масъулият бештар аст. Масъулияти дар ҳолати омодабош қарор гирифтану масъулияти ватандӯстиро бар зимма гирифтан.
— Ба сарбозоне, ки имрӯз дар сафи Артиши миллӣ хизмат мекунанд, чӣ тавсия медиҳед?
— Ман ба сарбозони шуҷою диловари Ватани азизам тавсия медиҳам, ки Ватанро дӯст доранд, зеро аз Ватан муқаддастар дар дунё чизе нест, онро эҳтиром намоянд, ба қадраш расанд.
Мусоҳиб: Азимҷон БАДАЛОВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ