Мактаби садоқат ва касбият

Таманниёти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  ба муносибати Иди касбии кормандони тиб

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд собиқадорони соҳа, духтурону ҳамшираҳои тиб ва кулли алоқамандони соҳаи нигаҳдории тандурустиро  бо Рӯзи кормандони тиб табрику таҳният  мегӯям ва  ба ҳамагон саодати рӯзгору бахту иқболи баланд таманно дорам.

Соли равон барои духтурони  вилоят, чун саросари олам, давраи  санҷиши малака ва маҳорати касбӣ ба ҳисоб рафта, дар  мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 бори дигар нишон доданд, ки онҳо  баҳри баланд бардоштани  сатҳу сифати хизмати тиббӣ, аз бемории сироятӣ эмин доштани мардум  дониш  ва неруи ақлониву ҷисмониашонро масраф мекунанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон корнамоиҳои  имрӯзаи табибони тоҷикро ба қаҳрамониҳои замон баробар донистанд.  Онҳо дар ҳақиқат бо дастони муъҷизакор, ақли гиро, сухани нек ба мардум саломатӣ ва умри дубора мебахшанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба  соҳаи нигаҳдории тандурустӣ  пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва давра ба давра қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба сиҳатии  омма аз  ғамхориҳои  ҳамарӯзаи Давлату ҳукумат  шаҳодат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ, бо назардошти мақоми соҳа, талаботи замон ва нақшу манзалати табибон муттасил  кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дараҷаи хизматрасонӣ ба мардум беҳтар, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ  вусъат дода шаванд.

Боварӣ  дорам, ки кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии омма дар оянда ҳам дастовардҳояшонро афзун ва баҳри нигаҳдории тандурустии аҳолӣ ва ояндаи нек меҳнати шоиста мекунанд.

Бори дигар табибони ҳозиқро ба муносибати иди касбиашон шодбош гуфта, шафқату ҳамдилӣ, комёбиҳои беназир, дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат ва файзи рӯзгор таманно дорам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *